Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: таъсир ва хусусиятҳои ин қариб ба ҳар ду навъҳои зикршуфта аст. Вале аз он ҳар ду гаронтар мебошад. Ба қавли ҳаким Қурайшӣ агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, оруғ меоварад дархол.

Ҳар як навъи биҳиро бихӯранд, фарах меоварад, рӯҳҳои ҳайвонӣ ва нафсониро қувват медиҳад, беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад ва аз узвҳои ботинӣ рафтани хунро манъ менамояд.

Хӯрдани биҳиҳо, хусусан ширинии он фарах меоварад; васвос, дарди сар ва назлаҳоро дафъ мекунад, ҷигар, меъда ва сари меъдаро қавӣ месозад ва сустии ин аъзоро дафъ мекунад; иштиҳоро ба таом бармеангезад, бачаро дар шиками ҳомила аз афтодан нигоҳ медорад, бадбӯии даҳонро нест менамояд, бухорҳои зарарнокро аз он, ки дил ва майна бароянд, манъ мекунад. Мастро ҳушёр, беҳузур шудани дил ва иллати кайкуниро нест мекунад, ланчии баданро ба ислоҳ меоварад; дилтапак (дилбозӣ) ва зардпарвинро шифо мебахшад, аз дигар ҷоҳои бадан ба меъда рехта шудани моддаҳои зарарнок ва исҳолро мебандад; тафсидани меъда ва дарди сари меъдаро, ки аз рехта шудани моддаҳои сӯхта бошад, ба ибро меоварад ва хоҳиши гил ва чизҳои нописанд хӯрдани занони ҳомила ва кӯдаконро дафъ мекунад.

Худи биҳиро бихӯранд, дар узвҳо гиреҳҳо пайдо мекунад ва зарарнокиаш зиёда аз оби он аст. Биҳиро бо асал мураббо карда бихӯранд, ҳамаи зарарҳояш нест мегардад. Агар биҳиро мураббо нокарда, худашро бихӯранд, ба узвҳои заифи даруни шикам зарар дорад, касабан шушро, яъне роҳи нафасро дағал мегардонад; иллатҳои ларзак, сурфа ва кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин ҳолат асал ва арпабодиён бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Обашро дар сӯрохи закар ва фарҷи занҳо бичаконанд, сӯзиши пешоб ва захмҳои роҳи пешобро дафъ мекунад.

Биҳиро дар зери оташ бигузоранд, то он ки рангаш тира гардад, баъд онро бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро қатъ мекунад, хусусан тухми биҳиро дур карда ва дар ҷонҳолии он ҷави бабвои реза кардашударо пур сохта бипазанд, таъсираш зиёдтар мегардад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби он барои давой дар як рӯз то 100 грамм аст.

пешина
аз 702
навбатӣ