Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бо дучанди он равғани зайтун меҷӯшонанд, то обаш бухор шуда раваду равғани холис бимонад. Вале эҳтиёт намоянд, ки равған доғ нагардад.
Мизоҷи ин равған хунук ва тар аст.
Молидани ин барои сабӯсаки сар, мӯрчагазак ва захмҳои даруни даҳан даво мешавад. Агар ба даруни бинӣ бичаконанд, чарх задани сар, дар гӯш бичаконанд, ҷаранги даруни гӯш; агар дар сӯрохи закар ва дар фарҷи занҳо бичаконанд, захмҳои роҳи пешобро, ки сӯзок низ меноманд, шифо мебахшад. Агар бимоланд, омадани арақро манъ мекунад. Агар бихӯранд, мондагиро дафъ мекунад.
Ин равғанро биёшоманд, дарди сари гарм, хун кай кардан, варами ҷигар, исҳоли кӯҳна, захми рӯдаҳо ва рафтани дарун аз гармӣ бошад, дафъ мекунад. Ва агар бо ин равған ҳукна кунанд, низ барои бемориҳои номбурда ҳамон асарро дорад.
Аз гули биҳӣ низ равған тартиб медиҳанд монанди равғани гулисурх. Вале ин барои табобат аз равғани худи биҳӣ заифтар аст.
Лӯоби тухмашро бихӯранд, дағалии халқ ва халқумро ислоҳ мекунад, сурфаи гарм ва хушкро шифо мебахшад; ҳарорати меъда, сӯзиши забон, табҳои даҳан, инчунин хушкии онро таскин медиҳад. Агар инро бимоланд, сӯхтагии оташ ва зарари гармии офтобро дафъ мекунад. Агар инро бихоянд, кундии дандонро, яъне гирифтагии онро ислоҳ менамояд.
Мағзи тухми биҳӣ каме часпадагӣ дорад. Агар инро гарммизоҷ бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад; барои узвҳои нафас, сурфа, гирифтагии овоз, сил ва захми сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми биҳӣ дар як рӯз то 9 грамм аст ва аз лӯоби тухми биҳӣ то 45 грамм аст. Вале агар инро бихӯранд, меъдаро заиф ва суст мегардонад. Барои ислоҳаш одамони гарммизоҷ бояд шакар бихӯранд ва агар ба касони сардмизоҷ зиён кунад, арпабодиён бихӯранд, то ислоҳи зарар намояд.
Тариқи луч кардани тухми биҳӣ чунин аст, ки лӯоби маскамонанди онро батамом ҷудо карда гирифта, он тухми белуобгаштаро дар халтачаи дағал баста, бо қуввати комил бимоланд, пӯсташ ҷудо мегардад. Тариқи гирифтани лӯоби тухмаш ин тавр аст. Тухми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо