Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

биҳиро ҷамъ намуда, дар латтае ё халтачае андохта, дар обе, ки миқдораш мувофиқи он тухм бошад, як шаб тар кунанд, луоб ба даруни об мегузарад аз халтача дамида.

  1. Лаблабу

Ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширинии он аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди он аст барои даво.
Мизоҷаш мураккабулқуво, яъне дар мизоҷҳо мӯътадил аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи гиреҳҳо, парокандакунандаи балғам, сард ва хомӯшгардондаи ҳарорат аст. Агар худашро бихӯранд, дарунро мебандад, ғизояташ кам, боднок аст. Беҳтарин қисми он оби баргаш мебошад, бандҳои барги он беҳтар аз қисми заминиаш мебошад. Агар инро бипазанд, таъми сӯзандагии он нест мешавад.

Лаблабуро пухта ҳамчун ғизо бихӯранд, барои иллати ларзак дору мешавад, иштиёқи мубошаратро ба ҳаракат меоварад, хусусан, ки пояаш сурх бошад, дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро бо сирко ва ҳардал (горчиса) бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад; барои дарди гурда, хичак ва бемориҳои мақсад дору мешавад.

Оби баргашро бо талхшувок биёшоманд, балғамро аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои буғумҳо ва никрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.

Оби бехрешаи онро бо асал даромехта, дар бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои зарарнок пок месозад; бо заҳраи куланг ном паранда даромехта дар бинӣ резанд, барои қаҷ шудани рӯй, дарди сар, дарди нимсар, ларзак, дарди дандон ва сурхии чашм, ки аз ҷамъ шудани ахлоти часпак бошад, даво мешавад, инчунин муттасил оби барги онро дар бинӣ бирезанд, низ ҳамин фоидаҳоро дорад.

Оби барги онро бо равғани бодоми ширин ё бо асал даромехта, нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ