Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Инро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад ва инчунин ин аз ҷумлаи давоҳои чашм ба ҳисоб меравад. Вале агар инро аз ҳад зиёда ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад.

Хӯрдани ин барои зиқ-ун-нафас, дилтапак (дилбозӣ), ки аз хунукӣ бошад, инчунин барои ислоҳ додани оруғи боднок даво мешавад: меъдаро гарм мекунад, оруғ меоварад, иштихоро мекушояд, вайрон шудани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин узв манъ месозад; кай ва дарди рӯдаҳоро даво мебошад, балғамро тит ва пароканда менамояд, пешобро меронад, дарди меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад, бодҳои гурда ва хичакро пароканда мегардонад, баданро қувват мебахшад ва фарбеҳ мекунад, вале маниро қатъ мекунад, кирмҳои рӯда ва меъдаро, ҳатто кирми кадудонаро ҳам мекушад ва дафъ мекунад.

10,5 грамми ин зираро бо 25 грамм равғани зайтун ҳар рӯз то як ҳафта бихӯранд, истискоро дармон мешавад.

Ин зираро дар сирко парварда, яъне тар карда баъд бихӯранд, барои одамони гарммизоҷ низ мувофиқ ва форам мегардад.

Гиёҳ ва тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, пешобро меронад, маниро қатъ мекунад ва кирмҳои гуногуни шикамро мекушад.

Дар обе, ки зираи сиёҳ дар он ҷӯшонида шуда бошад, занон то ноф даромада нишинанд, дардҳои бачадонро дафъ мекунад.

Тухмашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, бавосири овехташаклро хушк карда меафтонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин зира дар як рӯз 17,5 грамм аст.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба шуш зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зарараш асал ва кӯкӯтиро бихӯранд, кифоя аст. Ба гурда ҳам зиён мекунад — барои ин катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Ба ҷои зираи сиёҳ арпабодиён ва зираи расмиро бихӯранд, равост.

  1. Татум

Ин самари буттаест ба андозаи наск, паҳнтар, рӯяш пӯсти гарднок дорад, дар хӯша мебошад. Таъми

пешина
аз 702
навбатӣ