Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Васма зарар ҳам дорад, яъне майнаро заиф месозад. Дар ин ҳолат қаранфули гардан бояд бихӯранд, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Аз васма равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Як миқдор оби гиёҳи тари тозаи онро гирифта, дар зарфе аз болояш ҳамон миқдор равғани кунҷид дохил карда, баъд дар оташи мулоим то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшонанд. Батамом бухор гаштани обашро аз он медонанд, ки аз ҷӯш мемонад. Ҳамин равғани васма ҳисоб меёбад. Молидани ин равған барои дароз кардани мӯй ва нигоҳ доштан аз рехтани он, сиҳат бахшидани бавосир (геморрой), иллатҳои мақъад ва дардҳои сардмизоҷ даво мебошад.
Тухми васма аз ҷиҳати ранг, андоза ва ғилофнакӣ ба тухми турб шабоҳат дорад, низ моил ба сиёҳӣ. Агар инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба даруни гавҳарак маън мекунад ва агар фуромада бошад, таҳлил медиҳад.
Решаашро дар об бисёр ҷӯшонида, он обро соф намуда, дар он камтар шилми бодомҳоро дохил намоянд, барои китобат монандӣ сиёҳӣ мегардад. Бо ин таркиб, аввал мӯйи баданро бо собун покиза шуста, баъд бо ҳинои соида молиш диҳанду бишӯянд ва баъди муддате хушк кунанду сонӣ бо васма ранг кунанд, рангаш неку мегардад.
- Карвӣ
Ин зираи сиёҳ аст, ки зироат мекунанд ва ҳам саҳроӣ дорад. Баргаш монандӣ барги шибит, гулаш низ чатрӣ монандӣ гули шибит аст, сафедранги моил ба кабудӣ, ки ба гули бӯстонии он шабоҳат дорад. Дар тиб навъи бӯстониашро ба кор мебаранд. Тухмаш дар ҳаҷм ба андозаи зираи сафед, тезтаъм, талх. Бехрешааш ба сабзӣ монандӣ дорад, низ мехӯранд. Қуввати зираи сиёҳи бӯстонӣ то се сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин ахлоти баданро нарм ва рақиқ мегардонад, бодҳоро таҳлил медиҳад, дарунро мебандад, вале агар ин зираро ҳамроҳ карда бихӯранд, ғизоҳои дигари боднокро ислоҳ мегардонад. Агар инро бихӯранд, бухорҳои зарарнокӣ ба сар барояндаро маън мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо