Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бодҳо, табҳои кӯҳна ва аксари бемориҳоро монандӣ дарди сар, дарди нимсар ва торикии чашмро шифо мебахшад, чашмро равшан мекунад. Ин даворо аз аввали моҳи ҳамал сар карда, то аввали моҳи саратон биёшоманд, шифобахшиаш қатъист.
Шайҳурраис дар бобати табобати кулинҷ (колит)-и сардмизоҷ навиштааст, ки 14 грамм решаи бепӯсти ширинбияро бо оби панир биёшоманд, кулинҷро шифо мебахшод ва агар танҳо худашро биҳӯранд ҳам, ҳамон таъсирро дорад.
Ин решаро дар об ҷӯш дода, он обро нӯшида кай жунанд, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро аз бадан хориҷ мекунад ва агар батамом дафъ нагарданд ва миқдоре аз он бимонад, ба воситаи исҳол ё пешоб дафъ мегардонад.
Решаи ширинбияро дар давоҳои исҳоловари дар об ҷӯшонидашуда дохил намудан, инчунин дар доруҳои ҷигар ҳамроҳ кардан хеле сабук, яъне ба мизоҷ гуворо мебошад ва ҷиҳатҳои зарарнокии он давоҳоро дафъ мекунад — ин бинобар часпандагӣ доштанаш мебошад.
Решаи ширинбияи бепӯстро хушк намуда, соида, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро қувват мебахшад ва зардии онро мебарад.
Инро кӯфта, бо асал ва ё бо муми занбӯри асал сиришта гузошта банданд, барои милкаки нохун даво мешавад; агар бо оби холис хамир сохта, батакрори амал гузошта банданд, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Барги тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, бадбӯии зери бағал ва миёни ангуштони пойро дафъ мекунад.
Мизоҷи чӯби ширинбияро ҳакимон Ибни Мосавия ва Амин-уд-давла гармтар ва хушктар аз қисмҳои дигари он донистаанд. Мизоҷи тухмашро табиб Муҳаммад ибни Аҳмад қавитар аз қисмҳои дигари он донистааст.
Мегӯянд, ки ҳангоми истеъмол кардан ба дарун решаи ширинбия ба гурда ва сипурз зарар дорад. Давои ислоҳи зиёнаш барои гурда катиро ва агар ба сипурз газанде расонад, гулисурх истеъмол кардан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи бепӯсти ширинбия то 17,5 грамм аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо