Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Гулашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд, инчунин бодхон ин узвро таҳлил медиҳад; дарди сарро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои сардмизоҷ дар он бошад, шифо мебахшад ва озори заҳри савринҷони сурх ва сиёҳро дафъ мекунад (агар касе хӯрда бошад). Агар ин ду навъи раддии савринҷонро хӯрда бошанд, шири навдӯшидаро ошомида кай кунанд ва дигар тарьёкҳо, яъне давоҳои мухолифи заҳр бихӯранд.
- Ширинбия
Ин гиёҳ ба ҳама маълум аст; дар тиб решаи аз пӯст ҷудо карда шудааш истеъмол мешавад. Таъми решааш ширин, баъзеаш камтар талхӣ низ дорад. Беҳтаринаш он аст, ки ширинаш бисёр ва талхию қабзкунандағаш хеле кам бошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол намоянд, аҳлоти ғафси часпак ва мураккабро пазонида, барои хориҷ шудан тайёр мекунад ва агар хусусан онро як шабонарӯз дар об тар намуда, намолида, он обро оҳиста рехта бинӯшанд, дар ин бобат таъсири хуб мебахшад; узвҳои даруни сина ва ҳалкро мулоим мекунад, вале ташнагӣ аз бисёрини рутубат бошад, чандон нафъ надорад; ҳамаи рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро аз бадан дафъ месозад, узвҳои ботинии баданро мешӯяд, асабҳоро қавӣ мегардонад, бодҳоро таҳлил медиҳад, яъне онҳоро пароканда мекунад, пешоб ва ҳайзро равон мегардонад; барои иллатҳои дамкӯтоҳӣ, дағалии узвҳои даруни сина ва сӯзиши онҳо, дуруштии ҳалқ дору мешавад; овозро неку мегардонад; тангии нафас (астма), иллатҳои шуш, ҷигар, ҳичакро ба ибро меоварад, тафси меъда ва сӯзиши пешобро таскин медиҳад; бемориҳои мағзи сар ва асабонӣ, иллатҳои сипурз, бавосир, табҳои кӯҳна ва ҳамаи намудҳои сурфаро шифо мебахшад. Вале агар сурфа аз аҳлоти ғафси шаффоф бошад, фоидааш кам аст.
Ҳар рӯз 1,75 грамм аз решаи бепӯсти ширинбия бо як грамм шакар ва арпабодиён бихӯранд, ҳамаи маҷроҳои баданро пок ва ранги рухсорро неку мегардонад;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо