Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ки тоҷикикушҳояшро меноманд, шифо мебахшад, мепазонад.

  1. Савсани кӯҳӣ

Ин решаи савсани кӯҳӣ аст, ки бӯяш бӯи бунафшаро дорад. Гулаш мураккаб аз се ранг: сурх, сиёҳ ва зард омехта аст. Решааш пургиреҳ, дарозӣ ва ғафснаш ба андозаи ангушти даст аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар хушкӣ камтар аз ин дараҷа мебошад. Ин ҳар чӣ қадар кӯҳнатар гардад, қуввати исҳоловараш, яъне дар давогӣ қавитар ва мизоҷаш хушктар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои мулоимкунандагии дарун, гарм гардондагии бадан, кушояндагии гиреҳҳо, пазонандагии моддаҳо, поккунандагии узвҳои дохилӣ, хориҷкунандагии зардоб, моддаҳои савдо ва балғами ғафс дорад. Ҳар чӣ қадар ин кӯҳнатар гардад, қуввати исҳолкунандагиаш зиёдтар мешавад.
11 грамм решаи онро кӯфта, бо шаҳдоб бихӯранд, моддаҳои ғализи балғамиро ва моддаи сафроро аз бадан бо исҳол дафъ мекунад.
Решаашро кӯфта, бо равғани гулисурх хамир карда, ба сар гузошта банданд, барои дарди сари кӯҳна даво мешавад. Гулашро кӯфта гузошта банданд, иллати сакта (мурдавор беҳаракат мондан), ҷингак шудани аъзо, ки аз сабаби зиёд гаштани балғам ва инчунин қарахтиро ба ибро меоварад.
50 грамм решаи хушкашро шуста, дар 3,5 литр оби ширин бо оташи мулоим ним соат биҷӯшонанду баъд он обро соф карда, ҳар шаб аз он пеш аз хоб 100 грамм бинушанд ва аз болояш як чойқошуқ асал ҳам бихӯранд, паридани аъзо, қарахтӣ, иллати ларзак, сакта, фалаҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), суст ва нотавон гаштани узве ё аъзо, дар вақти хоб тарсидани кӯдак, исён (фаромӯшхотирӣ) — ба ҳамааш шифо мебахшад; қуввати ҳофизаро сара мегардонад.
Решаашро бо шарбати райҳонӣ бихӯранд ва мудовамат бар он намоянд, ҷингак шудани аъзоро, ки сабабаш аз ҳад бисёр гаштани балғам бошад, шифо медиҳад.
Решаи хушки онро ос карда дар бинӣ кашанд, оби

пешина
аз 702
навбатӣ