Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

чашм ва рутубати зиёдатии ин узвро хориҷ мекунад.
Баргҳои хушкашро маҳин соида, се рӯз пай дар ҳам дар бинӣ бирезанд, дарди нимсарро дафъ мекунад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, дар он об камтар сирко дохил намуда, таъмашро нордон сохта, нимгарм дар гӯш чаконанд, назлаи хунукмизоҷи дар он фурудояндаро қатъ мекунад, ҷаранги гӯшҳоро ҳам барҳам медиҳад. Бо ин об даҳонро чайконанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, яъне аз зиёд гаштани балғам бошад, таскин медиҳад ва агар бо он ғарғара кунанд, забончаи ҳалкро, ки афтода бошад, ба ҷояш мебардорад.

Оберо, ки дар он решаи ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, бо майи пухтагӣ даромехта бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина ва шуш, зиқ-ун-нафас, дамкӯтаҳӣ, сурфа, душвории нафас, варами шуш, дарди гулӯи балғамӣ, дарди ҷигар ва дарди сипурз, ки аз сардӣ бошанд, истиско (водянка), зардпарвин, ирқуннасо (радикулит), мондагӣ ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад; ахлоти бегонаи дар раг ва фазоҳои бадан бандшударо хориҷ мегардонад, даҳани бавосирро мекушояд ва зуд равон шудани, яъне омадани маниро ҳангоми муҷомаат, ба ислоҳ меоварад.

Ҳар рӯз аз решаи он 7 граммашро бо шароб биёшоманд, барои ҳамаи бемориҳои бачадон ва даридани он даво мешавад, гиреҳҳои онро мекушояд, ҳайзи бандшударо равон месозад, инчунин сусту нотавон гаштани мушакҳоро шифо мебахшад. Агар оби мазкурро бо сирко бинӯшанд, бар зидди заҳри ҷонварон тарёк мешавад, варам ва гиреҳи сипурзро дафъ мекунад ва ларзи табҳои вараҷаро барҳам медиҳад.

Решаи онро пухта, аз рӯ бар бачадон, яъне ба зери ноф гузошта банданд, дарди бачадонро дафъ менамояд ва сахтиашро, ки инро дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, сиҳат ва болиғ мегардонад; инчунин агар даҳани бачадон аз ғафс гаштани
парда ва мушакҳои он, банд шуда бошад, мекушояд
ва барои нутфаи мардро қабул кардану ҳомила шудан муҳайё месозад. Инчунин инро ба варамҳои сахти ҷоҳои дигари бадан низ гузошта банданд, онҳоро
мулоим мегардонад, ханозер (ҳуқгардон)-ро таҳлил
медиҳад; бар рӯ гузошта банданд, риҳинаки ин узвро

пешина
аз 702
навбатӣ