Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

савдо ва моддаи сафро, инчунин савдои сӯхтаро бештар хориҷ менамояд, хунро соф мекунад, пешобро меронад, иштиҳоро бармеангезад. Хушки он барои қувват бахшидан ба меъда қавитар мебошад; барои табҳои кӯҳна, бемориҳои савдовӣ ва аз балғами шӯр бошанд, даво мешавад; буни дандонҳоро мустаҳкам месозад. Агар инро бо сирко биёшоманд, кайи сафровӣ ва беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани балғам дар сари меъда бошад, дафъ мекунад; меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои нодаркор ва зарарноки бандшуда пок месозад. Инчунин бо шаҳлоб биёшоманд, таъсири дар боло гуфташударо дорад.

Оби баргҳои тару тозаи онро бо шакар биёшоманд, меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, меъдаро қувват мебахшад; зардпарвин, кӯтур, хориш, шӯкуфаи пӯст, инчунин сабӯсаки сар, ки аз хуни мурдори сафровии сӯхта ҳодис шуда бошад ё аз балғами бисёру тезии ахлоти сӯхтаи сафровӣ ва савдовӣ ба амал омада бошад, онҳоро аз сар ва ҷойҳои дигари бадан бо воситаи пешоб, саргин ва арақ дафъ мекунад.

Арақи шоҳитараро, яъне оби муқаттари онро, ки бо воситаи анбиқ гирифта бошанд, биёшоманд, исҳолро мебандад ва гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд.

Оби гиёҳи тару тозаи шоҳитараро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи шоҳитара мегӯянд. Усораи инро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва обравии бисёри онро манъ мекунад. Ин усораро бо шилми ҳар як навъи бодом даромехта, мӯи мижаро, ки чаппа рӯида, ба даруни чашм мехалида бошад, канда, баъд бикашанд, он мӯи дигар намерӯяд. Агар ин усораро дар об ҳал карда, он таркибро дар даҳан гардонанд, чароҳати ком ва забон, инчунин тафси онро дафъ мекунад, милки дандонро аз моддаҳои бегона пок ва онро мустаҳкам месозад.

Гиёҳи хушки онро кӯфта гузошта банданд, кӯтури пӯст ва хориши онро дафъ мекунад. Кӯфтаи гиёҳи хушки онро бо оби тараш сиришта бимоланд ва ё онро як шабонарӯз дар об тар карда, бо он об сар ва ришро бишӯянд, ришки сар ва сабӯсаки онро дафъ месозад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, бо он об бардавом бишӯянд, низ ҳамин таъсирро дорад. Табиб

пешина
аз 702
навбатӣ