Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ибни Мосавия гуфтааст, ки гиёҳи тари онро кӯфта гузошта банданд, газидани занбӯрро даво мебошад. Мизоҷи тухмаш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст. Ҳаким Муҳаммад ибни Аҳмад ва Ҷолинус тухми инро аз қисмҳои дигари гиёҳаш қавитар донистаанд. Ба қавле истеъмоли шоҳитара аз дарун барои шуш зарар дорад ва давои ин зиёнаш коснӣ хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз шоҳитараи тар дар як рӯз аз 10,5 то 17,5 грамм аст; аз оби гиёҳи тараш аз 125 то 250 грамм аст, ки бояд бо обе, ки ҳалилаи зард дар он тар карда шуда бошад ва бо шакар ширин сохта биёшоманд. Ва агар гиёҳи хушки онро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз 17,5 то 35 граммашро дар об андозанд; ва аз тухмаш то 17,5 грамм ошомидан раво мебошад. Агар шоҳитара ёфт нашавад, ба ҷои ин баробари нисф вазни он сано, баробари сеяки он ҳалилаи зард истеъмол фармоянд, равост. Бояд шоҳитараро бо ҳалилаи зард, ки ислоҳкунандаи зарари он аст, биёшоманд. Зеро шоҳитара батанҳои истеъмолаш ба сипурз зарар дорад ва ҳалила инро ислоҳ мекунад.

Оби барги тару тозаи онро бояд соф накарда истеъмол кунанд.

  1. Ҷав

Ин дон ва зироати маълум аст. Беҳтарини он сафеди пурраи наваш мебошад. Агар аз як сол гузарад, барои даво қобили истифода нест. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамчун ғизо ин назар ба гандум камтар аст дар қувват. Хӯрдани ҷав ҷӯшиши хун ва сафроро паст мекунад, ташнагиро таскин медиҳад; тезии табҳои гарм ва тундро мешиканад, барои сил ва иллати диқ (лоғаркунандаи бадан) даво мебошад, вале дар айни ҳол худаш баданро лоғар мегардонад, ба ҳичак низ зиён мекунад. Давои ин зарараш бо равғанҳо ва бо камтар арпабодиён хӯрдан аст.

Ҷавро мукашшар карда, яъне кӯфта аз пӯсташ ҷудо сохта, дар об ба дараҷае ҷӯшонанд, ки ҷавҳо шуқуфта ва муҳарро гарданд. Баъд он обро соф карда, хунук намоянд, ки инро оби ҷав меноманд.

пешина
аз 702
навбатӣ