Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
захмҳои чуқури чашмро пур мегардонад ва онро фарбеҳ месозад, хуни ба тарафи чашм барангехташавандаро қатъ менамояд.
Сабирро бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, реши чашм, кӯтур ва дардҳои онро, ки аз ҷониби бинӣ бошанд, дафъ мекунад ва рутубатҳои зиёдатии чашмро хушк мегардонад. Ин таркибро ба пешонӣ ва чакқаҳои сар бимоланд, майнаро аз моддаҳои зарарноки сафровӣ пок менамояд ва дарди сарро таскин медиҳад. Сабирро бо намак ва танакори арманӣ (яъне танакори сурх) даромехта, бар пеши сар бимоланд, назлаҳои сардро манъ мекунад, майнаро гарм ва рутубати зиёдатии онро хушк месозад; агар бо оби барги зуф ва сирко сиришта бимоланд, решҳои тари сари кӯдаконро шифо мебахшад; ва агар танҳо бо оби барги зуф даромехта бимоланд, захмҳои гӯш ва биниро ба ибро меоварад; бо равғани кадуи ширин якҷо карда бимоланд, барои ҷароҳатҳои бинӣ даво мешавад; бо мӯрд (мирт) ва шароб сиришта бимоланд, мӯи сар ва ришро сиёҳ, инчунин шахуши он мавзеъҳоро дафъ мекунад ва мӯйро, ки аз қачалӣ рехта бошад, аз нав мерӯёнад; бо асал сиришта бимоланд, узвҳои зарба ва латхӯрдаро, ки хун дар он ҷо мурда ва кабуд гашта бошад, шифо мебахшад, доғҳои пӯстро дафъ мекунад, дарди сар ва назлаҳоро ба ибро меоварад, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад; барои доначаҳои мӯрчагазак, вабои сурх, милкаки нохун, решҳои хабиса, дардҳои пушт ва буғумҳо даво мешавад; бавосирро нафъ мебахшад; бо шароб ва асал даромехта бимоланд, барои узвҳои латхӯрда, офати мушакҳои ду тарафи забон, хунравии милки дандон, варамҳои даруни даҳан ва сӯрохҳои бинӣ, решҳои душвор бехшаванда, хусусан, ки дар рӯи бинӣ, закарҳо ва мақъад бошанд, дору мешавад. Бо оби кашнизи тар ва сирко даромехта бимоланд, сурхбод, шаро (аллергия)-ро, бо шароби ширин сиришта бимоланд, донаҳои бавосир ва барҷаставу овехтаи донаҳои бавосирро дафъ месозад ва омадани хунро аз онҳо қатъ мегардонад, кафидани мақъадро ба ибро меоварад; бо оби пиёзи гандано сиришта бимоланд, донаҳои бавосирро меафтонад, аммо бояд ки баъд аз афтодани донаи бавосир он мавзеъро бо омехтаи аз соидани равғани гулисурх ба сурб (кӯргошим) бимоланд.
Сабирро бо оби гандано ва пӯсти мор пухта, батакрор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо