Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

инчунин тафсидани забончаи халкро, ки аз пайдо шудани сафро дар меъда ҳодис шуда бошад, ба ибро меоварад; ва агар бо давоҳои исҳоловар ҳамроҳ карда бихӯранд, намегузорад, ки зарари онҳо ба меъда бирасад.

Чун сабирро бо талхшувок даромехта, ба кӯдакӣ ширмак бихӯронанд ва агар ба он хӯронидан бинобар талхӣ душвор бошад, ба модари тифл бихӯронанд, таъсираш бо воситаи шири модар ба кӯдак гузашта, кирми шиками кӯдакро дафъ мекунад.

Агар се рӯз паи ҳам ба миқдори 4,5 грамм сабирро бихӯранд ва се рӯз тарк намоянд ва боз се рӯз биёшоманд, гиреҳҳои ғадудмонандро, ки кӯҳна шуда бошанд, ба таҳлил мебарад, яъне гудохта нест мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз сабир дар як рӯз 4,5 грамм аст; 5,25 грамми он исҳол меоварад ва 10,5 грамми онро бихӯранд, баданро аз ахлоти мурдор пок мегардонад.

Аммо сабирро аз ҳад зиёд ва бардавом бихӯранд, ба исҳоли хунин гирифтор менамояд.

Вале сабирро ёфтан душвор гардад, баробари вазни он талхшувок ва ё ним вазни он заъфарон истеъмол намоянд, раво мебошад.

Вале истеъмоли сабир ба дарун ба рӯдаҳо, меъда, ҷигар ва ҷигари заиф, инчунин ба мақъад зарар дорад, зеро ки сустиовар ва кушояндаи рагҳои мақъад мебошад ва рӯдаҳоро, мумкин аст, бихарошад. Давояш: агар ба рӯдаҳо зиён кунад, катиро бояд хӯрд; агар меъда ва ҷигарро суст гардонад, мустако ва гулисурх бояд истеъмол фармоянд; чун ба мақъад зарар оварад, он мавзеъро бо равғани гулисурх ё равғани бунафша чарб намоянд ё чарбии бузро бимоланд, ислоҳ мепазирад.

Сабирро бо асал ва ҳалилаи зард биёшоманд, қувмати таъсири онро зиёда мегардонад, зеро ҳар дуи инҳо қувватбахши сабир мебошад.

Аммо сабири пастсифатро бе зарурат истеъмол кардан ҷоиз нест, зеро ки вай то се рӯз дар меъда мемонад ва ҳеҷ поён намефурояд, инчунин ғамгин мекунад ва ба изтироб меоварад.

Сабрро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад; шилпукӣ, хориш ва кӯтари пилқҳои чашмро дафъ мекунад, пилқҳои ғафсгаштаро ба эътидол меоварад,

пешина
аз 702
навбатӣ