Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мулухат (шӯрӣ), ҳумузат (туршӣ), уфусат (тунчӣ), кубузат (гирандагии сатҳи забон ва даруни даҳан), дусумат (чарбнокӣ), ҳаловат (ширинӣ) ва тафоҳат (бетаъмӣ), ки охиринро масих низ меноманд. (Баъзеҳо тафоҳатра ба қатори таъмҳо дохил накардаанд). Ва тамоми таъмҳои дигари мавҷуда аз ин нӯҳ таъм мураккаб гаштаанд, ки ададҳои он ҳадду канор надорад, яъне шумораш нӯҳ дараҷаи нӯҳ (99) мерасад.
Гуногун гаштани таъмҳо ба рангбарангии моддаҳо, қувватҳо, мизоҷҳо ва феълҳои онҳо вобаста мебошад. Зеро ки ҷавҳари таъмноки аз ҷисмҳо ҳосилшуда ё латиф (сабук, нозук) ё касифи (сахти) хокиасл, ё ҳолаташ миёнаи ин ҳар ду мебошад. Қувват ва мизоҷи он ё гарм аст, ё сард ва ё мӯътадил дар миёни он ҳар ду мебошад. Ҷавҳари нозукаш (сабукаш) агар гарм бошад, тезтаъм мешавад ва агар сард бошад, турш, вале агар миёнаҳоли мобайни гармиву сардӣ бошад, чарб мегардад.
Ҷавҳари сахти хокӣ агар гарм бошад — талх, агар сард бошад — тунҷ, вале агар миёнаҳоли мобайни гармӣ ва сардӣ бошад — ширин мегардад. Ҷавҳари миёнаҳои ҷисм дар нозукӣ ва сахтӣ агар гарммизоҷ бошад — шӯр ва агар сардмизоҷ бошад — гиранда (кобиз) ва агар мӯътадил бошад, бетаъм мегардад.
Феълҳои даво ва ғизо ё гармианд, ё сардӣ, ё кайфияти мӯътадили байни ин ҳар дуро доранд. Ҳамин тариқ ҳосили се зарби се нӯҳ мешавад (3Х3=9). Масалан, ҳарорати қавӣ агар дар моддаи латиф (нозук) таъсир намояд, дар он модда тезтаъмӣ ҳосил шуда, мазааш тез мегардад, агар дар моддаи сахт таъсир намояд, дар он модда талхӣ ба амал омада, таъмаш талх мегардад, вале агар дар моддаи латиф таъсир намояд, дар он турширо ба амал оварда, таъми онро турш мегардонад, аммо дар моддаи сахт тунҷиро ба амал оварда, онро тунҷтаъм месозад, агар дар моддаи мӯътадили миёнаҳол таъсир намояд, дар он қабзият (гирандагӣ) ба амал оварда, онро гиранда (кобиз) мегардонад.
Гармии мӯътадил чун дар моддаи латиф таъсир намояд, дар он таъми чарбнокиро пайдо карда, онро чарб месозад; дар моддаи сахт таъсир кунад, дар он таъми ширинӣ пайдо намуда, онро ширин мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё