Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Ин ду-се нақлҳо дар китоби «Таърих-ул-ҳукамо»-и Мулло Аҳмади Таҳтӣ зикр ёфтаанд. 8. Он ки аз мушоҳада ба кирдори ҳайвонот ҳангоми худро муолаҷа кардани онҳо ёд мегиранд. Масалан, амали ҳукнаро (клизмаро) аз парандае омӯхта буд. Рӯзе дар канори баҳр парандае моҳии бисёр хӯрда, ҳолати бад ба вай рӯй медиҳад, то ҳадде, ки ба парвоз намудан ҳам қодир намегардад. Аз ночорӣ вай бо нӯлаш оби баҳрро гирифта, дар мақъади худ меандозад ва бо мурури дақиқае он моҳиҳо аз шиками вай бо исҳол дафъ мегарданд. Инак, ӯ сабук парвоз мекунад. Аз ин мушоҳадаи худ Ҷолинус илҳом гирифта, ҳукнаро дар асри I-уми милод ӯ кашф кард.

Аммо тариқи донистани мизоҷҳон давоҳо ва ғизоҳо бо усули қиёс кардан, ки аз як амал бо воситаи кирдори дигар пай бурдан ва сабаби амалеро ба амали дигар зам кардан ва ҳамин тариқ ҳукм баровардан аст, ки ӯ низ чунин аст. Он аз якчанд намуд ва навъҳо иборат аст, аз он ҷумла суръати табдилёбӣ ё сустии он даво мебошад. Масалан, агар он чиро дар оташ андозанд, он зуд гарм гардад ё ба оташ табдил ёбад, мизоҷаш назар ба он чиз, ки дергар гарм мешавад ва оташ мегардад, гармтар мешавад ба шарте, ки ҷирми он ҳар ду чиз, ки дар оташ андохта мешаванд, дар қовокӣ, зичӣ, сустӣ, сахтӣ, риққат ва ғилзат ба ҳамдигар баробарқимат бошанд. Аммо дар ин хислатҳо баробари якдигар набуданд, ягон ҳукм баровардан мумкин нест. Он чиз, ки аз сардӣ зудтар мутаассир гардаду шах шавад, сардмизоҷ аст, вале агар дертар сахт гардад, дараҷаи сардии мизоҷи он ҷисм нисбатан камтар мебошад. Чунки таҳлил додан, гудохтан ва сӯхтан — ин феъли гармӣ мебошад, вале баамаловарандаи басташавӣ, шахшавӣ, қабзият овардан, ғафс гардонидан — ин аломати сардӣ мебошад. Дар ҳар яке он агар таъсир қавитар зоҳир гардад, боиси шиддати ба амал омадани ҳолат, пойдорӣ бошад, он чиз хушкмизоҷ аст, вале агар таъсир зидди инҳо зоҳир шавад, он чиз сардмизоҷ аст. Яъне ҳар чиро, ки ҳарораташ ва сардиаш қавӣ бошад ё сахти гузаро бошад, он хушкмизоҷ аст, монандӣ сангҳо, вале он чӣ бар хилофи инҳо бошад, тармизоҷ аст.

Аммо таъм, ки қивоми аввала ва мазаи даво ва
гиёҳ аст, ба тариқи тадқиқот муайян шудааст, ба нӯҳ
қисмат мешавад: ҳарофат (тезтаъмӣ), марорат (талӣ),

пешина
аз 702
навбатӣ