Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ё бо равғани бодоми ширин ва ё бо сирко ва гӯшти фарбеҳ пухта хӯрдан аст. Бадтарини ҳамаи он бо моҳии намакин хӯрдан мебошад.

Ба ҷои наск мошро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

Оберо, ки дар он наски бӯстониро бо пӯсташ пухта бошанд, биёшоманд, дарунро мебандад ва ҳайзу пешобро кам мекунад, вале оби пухтаи саҳроияш баръакси он: ҳайз ва пешобро равон месозад, исҳол меоварад.

  1. Зардчӯба

Зардчӯба ду навъ аст: кӯчак ва калон. Навъи хурдадро момирон меноманд, ки ин зардчӯба нест. Вале бузурги он решаи гиёҳест, ки пояаш то 1,5 метр мехезад. Пасту баланд рӯидани он ба обу ҳаво ва қуввати хок вобаста аст. Барғаш васеъ ва дароз-дароз, қариб ба барғи банан дар бузургӣ аст, гулаш зард, дар хӯша ба қадри як ваҷаб, тухмаш сиёҳранг ва бисёр майда, решааш зард, ки зардчӯба худи ҳамин решааш мебошад. Ҳамин решаашро аз пӯст ҷудо сохта, дар соя хушк мекунанд. Дар кӯҳистонҳо мерӯяд.

Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар 3,5 грамми онро бо шароби сафед ва бо ҳамвазни он арпабодиён биёшоманд, чашмро равшан мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, истиско ва зардпарвинро даво мешавад. Онро андак бистур карда, нимгарм бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Агар инро чун гард маҳин ос карда, монандӣ сурма ба чашм кашанд, кӯтури чашм ва гули тунуки онро, ки пайдо шуда бошад, дафъ мекунад, чашмро қавӣ мегардонад. Оби онро дар офтоб қивом кунанд, яъне ғафс гардонанд, онро усораи зардчӯба меноманд. Усораи инро ба чашм кашанд, рӯшноии чашмро меафзояд, гули дар он афтодаро бартараф мекунад.

Кӯфтаи онро бипошанд, решҳоро хушк ва дарду варами онҳоро дафъ мекунад, инак, аҳли Ҳиндустон баъди ҳиҷомат кардан, яъне баъд аз хун гирифтан, кӯфтаи онро ба он ҷои ҳиҷомат мемоланд. Кӯфтаи онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак ва решҳоро сиҳат мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ