Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар инро дар оташ тафсонида, бо он гармбандӣ кунанд, дардҳои гуногунро сокин мекунад ва варами ҷон хун гирифтаро таҳлил медиҳад.
Оби гули онро бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин дигар доғҳоро ҳам барҳам медиҳад.
Зардҷӯбаро ба дарун бо камоли эҳтиёт ва дар ҳадди меъёр истеъмол бояд кард, зеро барои дил хеле зарарнок аст. Давои ин зиёнаш оби лиму нӯшидан мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз зардҷӯба дар як рӯз то 7 грамм аст. Ба ҷои ин рӯяро истеъмол кунанд, равост; дар бемориҳои чашм баробари ним вазни он момирон (чистотел большой) аст, барои дигар бемориҳо ним баробари вазни ин оқирқирҳост.
- Сарсабил
Дар дашт, боғистон ва кӯҳсорҳои Осиёи Миёна ду навъи сарсабили шифобахш мерӯяд. Як навъро шохҳояш борик, баргаш монанди баргҳои морҷӯба риштавор борик-борик, навъи дигараш бо ҳамон сифат, вале шохҳояш хор дорад. Сохт ва намуди решаи ҳар дуяш ҳам қариб ба ҳамдигар шабоҳат дорад, яъне сиёҳ аст; самараш ба андозаи нахӯд ва гирдак (кулӯла), дар хомӣ сабз ва бирасад, сурх мегардад, гулаш зардтоби хушбӯй мебошад. Қувваташ то бист сол боқӣ мемонад.
Мизоҷи гулаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар ҳамон дараҷа хушк аст ва агар кӯҳна шавад, хушкиаш меафзояд. Мизоҷи решааш дар охири дараҷаи саввум гарм на хушк аст. Қисмҳои дигари ин гиёҳ дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: сарсабил таҳлилдиҳанда, рақиқ (суюқ)-кунандаи моддаҳои ғафс, араковар, пешоброн, ҷорикунандаи ҳайз ва барои аксари бемориҳои сарди тармизоҷи майна, узвҳои даруни сина, меъда, ҷигар, гурда, ҳичак, бачадон, дардҳои пайвандҳо ва монанди инҳо дору мешавад.
Гулашро бибӯянд, барои дарди сар ва дарди нимсари аз хунукӣ баамаломада шифо мебахшад. Гулашро дар об ҷӯшонида, он обро бо сиркои ангурӣ даромехта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор