Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
таскин медиҳад; инчунин бо пӯсти кӯкнор дар об ҷӯшонида, он таркибро дар даҳон гардонанд ва ба дандон бимоланд, дарди дандони кирмхӯрдаро сокин мекунад.
Мурчро бихӯранд, балғамро меканад; меъда, ҷигар ва узвҳои ҳозимаро, ки меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, гарм мегардонад ва қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғи туршро дафъ мекунад, ҳазми ғизои бадҳазмро сабук мегардонад, хуни ғафси одамони сардмизоҷро рақиқ месозад; иллати махав, бодҳо ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад. Агар инро бо барги тари ғор якҷо кӯфта бихӯранд, боди шикамро барҳам медиҳад.
Мурчро кӯфта, бо сирко сиришта гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад ва агар бо мудовамат бихӯранд, кулинҷи бодӣ ва балғамро нест мекунад.
Мурчро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, торикии чашмро дафъ мекунад, гули чашмро пок менамояд ва ноҳунаки ин узвро барҳам медиҳад; инчунин агар инро бихӯранд, сурфаи сарди тармизоҷ, тангии нафас, дарди узвҳои даруни сина ва дамкӯтаҳиро ба ибро меоварад; агар бо асал бихӯранд, дарди гулӯро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар ин узв бошад, шифо мебахшад, шушро пок месозад ва ҷамъ шудани рутубат ва балғамҳоро манъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд; агар бо мозу ва пӯсти анор хӯранд, чакмезакро шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва ҳайзро ба эътидол меоварад.
Мурчро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад; агар баъд аз мубошарат ҳамин тавр бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.
Мурчро бо ширу шакар бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад.
Мурчро кӯфта, бо қатрон даромехта, гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро таҳлил медиҳад, милкаки нохун ва доғи сафеди ин узвро дафъ мекунад, инчунин махавро шифо мебахшад. Мурчро бо ҳино даромехта батакрор гузошта банданд, ноҳуни аз милкак ва шукуфаи пӯст афтодаро аз нав мерӯёнад. Мурчи кӯфтаро бо чарбии мурғ ва орди боқилою нахӯд сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор