Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
хамир карда гузошта банданд, асабҳои печидаро рост месозад, газидани мори афъӣ ва саги девонаро шифо мебахшад, варами ғуддавиро таҳлил медиҳад. Агар онро батанҳои тафсонида гармбандӣ кунанд, бавосирро нест мекунад.
1,75 грамм хокистари шохҳои онро бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Оби хокистари онро биёшоманд, зарба хӯрдан, аз ҷумла ҷалақидани майнаро даво мешавад.
Оби хокистари он ин тавр тайёр карда мешавад. Се қошуқ хокистари онро дар як литр об хуб меҷӯшонанд, баъд мегузоранд, ки таҳшин шавад. Оби софи онро дар зарфи дигар рехта, боз таҳшин мекунанд. Оби софи инро ҳам ба дигар зарф мерезанд, инак, бори саввум таҳшин менамоянд. Баъд он оби хокистари соф ҳисоб меёбад. Миқдори нӯшидан аз ин оби хокистар 100 грамм аст.
Мизоҷи гули тару тозаи токи даштӣ дар дараҷаи якум сард ва хушк аст, бӯй хуш дорад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дилро қувват мебахшад, оруғ ва қайро манъ мекунад.
- Мурҷ
Ин самари дарахти ҳиндист ва ба ҳамаи халқҳо ба мо маълум мебошад.
Мизоҷи мурҷи сиёҳ дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк аст; мизоҷи мурҷе, ки аз пӯсти сиёҳаш ҷудо карда шуда бошад, мурҷи сафед номида мешавад, дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: мурҷро бихӯранд, қуввати ҳофиза ва асабҳоро мустаҳкам мекунад ва барои иллатҳои асаб фоидаи бисёр дорад. Агар инро бо мавизи ангур бихоянд, рутубатҳои зиёдатии майна ва меъдаро кашида дафъ мекунад.
Мурҷро дар равған ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, барои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), караҳтӣ ва ҳамаи бемориҳои аз сардию тарӣ баамаломада шифо мебахшад, аъзошиканӣ ва табҳои хунукро дафъ мекунад.
Мурҷро дар гулоб ҷӯшонида, он гулобро бимоланд, назлаҳои хунукро манъ мекунад ва дарди дандонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор