Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Рӯян

Ин растанӣ ду навъ аст: саҳрой ва боғӣ. Боғӣ, яъне бӯстоннашро зироат мекунанд. Мурод аз ин решааш ба кори рангрезон лозим аст. Решааш сурхи тира аст. Самараш кулӯла, баъди расидан сиёҳ мегардад. Гиёҳаш майдаи шахшӯл, фақат як поя дорад, баргҳояш гирдак, самараш анбӯҳ дар миёни баргҳояш ҷо гирифтааст. Ин растанӣ дар санглоҳҳо ва заминҳои сахт бештар мерӯяд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо асал бихӯранд, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ)-, ки бо беҳиссии узв бошад, шифо мебахшад; каҷ шудани рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо ва зардпарвинро дафъ мекунад; меъдаро қувват мебахшад, пешоби бисёр ғафс, ҳайз ва ширро равон мекунад, ирқуннасоро ба ибро меоварад; агар бо сиканҷабин бихӯранд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд.

3,5 грамм рӯянро бо 7 грамм решаи ревоҷ (чукрӣ) ва як пиёла шароби хурмо (ё бӯза) биёшоманд, барои зарба хӯрдан (аз ҷумла чалақидани майна) ва сахт афтодан даво мебошад.

Самари онро бо сиканҷабин бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок ва соф мегардонад, ки ёфтани он амри муҳол мегардад; ҷигарро аз моддаҳои бегона пок месозад ва гиреҳҳои ин ҳар ду узвро мекушояд. Инчунин ҳар як қисми рӯянро бо сиканҷабин бихӯранд, чунин таъсирро дорад.

Ҳар як қисми ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, фолич, каҷ шудани рӯй, карахтӣ ва дигар бемориҳои сардмизоҷи асабониро шифо мебахшад; ширинча, сабӯсаки сар, шукуфаи пӯст ва доғи сафеди пӯстро ба ибро меоварад; инчунин доғҳои аз зарба хӯрдан ва афтодан дар пӯст пайдошударо ҳам дафъ мекунад.

Агар инро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро ҷорӣ мекунад, бача ва ҳамроҳаки тифлро аз шиками ҳомила меафтонад.

Решаашро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, доғи кунҷидак ва доғҳоеро, ки аз таъсири офтоб ба ҳам расида бошанд, нест мегардонад; инро бо сирко даромехта гузошта банданд, шукуфа ва доғи сафеди

пешина
аз 702
навбатӣ