Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

пӯстро барҳам медиҳад, инчунин ҳар догеро, ки дар пӯст афтода бошад, пок мекунад.

Решаи онро соида, бо таом бихӯранд, барои касоне, ки саги девона газида бошад, дармон мешавад. Баргу шох ва самари он — ҳама тарёки заҳрҳои ҷонварон аст. Ҳар як қисми рӯянро батанҳоӣ бихӯранд ҳам, ҳамин таъсирро дорад.

Хӯрдани рӯян бинобар башиддат пешоброн буданаш ба гурда зарар дорад, ҳатто хун мемезонад. Барои дафъи ин зарарҳояш катиро бояд бихӯранд. Ба сар ҳам зиёнкор аст — ин зарарро бо хӯрдани арпабодиён ислоҳ метавон кард.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 4,5 грамм аст, ва агар ҷӯшонида, обашро нӯшиданӣ бошанд, дар об 14 грамм андозанд.

Ҳар касе, ки қасди хӯрдани рӯян дошта бошад, бояд, ки ҳар рӯз ҳаммом бикунад.

  1. Ҳил

Ин тухми растании буттагии ҳиндӣ аст, ки хушбӯй мебошад. Инро ба забони русӣ кардамон мегӯянд. Қувваташ ҳангоми дар ғилофаш будан то ду сол боқӣ мемонад, вале агар аз ғилофаш берун кунанд, то як сол қуввати худро нигоҳ медорад.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дараҷаи дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, фараҳ мебахшад, меъдаро қавӣ мегардонад, таомро ҳазм мекунад, оруғро ба ҳаракат меоварад ва дарунро мебандад, хусусан бирёнкардаи он барои бастани дарун қавӣ мебошад.

Пӯсташ ва тухмашро кӯфта, батакрор ба дандонҳо бимоланд, милки дандонро мустаҳкам мегардонад, пухтани даҳанро манъ мекунад.

Мегӯянд, ки хӯрдани ҳил барои рӯдаҳо зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зиёнаш катиро бояд бихӯранд.

Миқдори як бор хӯрдан аз ҳил дар як рӯз то 9 грамм аст.

пешина
аз 702
навбатӣ