Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Инро ҳам чун бодиринг хом мехӯранд, дар фасли баҳор мерасад. Баргҳояш аз барги бодиринг майдатар ва бӯяш ба бӯи бодиринг монанд аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин баданро аз моддаҳои бегонаи гарммизоҷ пок мекунад; ташнагӣ, гармӣ, ҷӯшиши сафро, тафс ва фишори баланди хунро ва инчунин ҳарорати ҷигарро таскин медиҳад. Хусусан мағзи расидаи он барои дарди узвҳои дар боло зикрёфта, инчунин хичак ва сӯзиши меъда некудавост; дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Зарарҳои тарра: дар одамони хунукмизоҷ бодангез, дерҳазм, аз меъда суст мефурояд, дар ҷигар моддаи носара пайдо мекунад, зуд бадбӯ мегардад, табҳои сахт ва дуру дарозро бармеангезад. Ислоҳи ин зарарҳояш: намак, зира, мавиз ва арпабодиён хӯрдан аст ва инчунин пӯсташро пок карда хӯрдан аст. Ва агар барои одамони гарммизоҷ зиёнаш зоҳир гардад, сиканҷабин хӯранд, ислоҳ меёбад.

Тухми инро бихӯранд, пешобро меронад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, даруни рагҳоро аз моддаҳои часпак пок месозад, вале назар ба тухми бодиринг заифтар мебошад.

Пӯст ва гӯшташ бодангез ва қулинҷро пайдо мекунад, тиҳигоҳро, яъне холияки паҳлуро ба дард меоварад, дерҳазм, моддае, ки аз он ба ҳам расад, бадбӯ мегардад.

Тарра дар аксар хислатҳо ба бодиринг монанд аст.

Низ асал ва дигар шириниҳо бихӯранд, зарарҳои инро ислоҳ мекунад.

Баргаш барои саги девонагазида даво мебошад, барои варами балғамӣ бо асал бихӯранд ва шарои (аллергияи) балғамиро дафъ мекунад. Агар онро хушк намуда, кӯфта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад.

  1. Бодиринг

Маълум аст, ки ин самари растании зироатии биёрадор аст. Намудҳои самари ин гуногун аст, вале хислатҳои ҳамаи намудҳои он ба ҳам монанд аст.

пешина
аз 702
навбатӣ