Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: бодирингро бихӯранд, барои дарди сари аз гармӣ ба зуҳуромада даво мебошад, инчунин қоши ë қафи онро гузошта банданд, ë дар пешонӣ моланд, низ ҳамин таъсирро дорад, ҳамчунин пора кардашудаи онро бибӯянд, дарди сарро таскин медиҳад.

Оби бодиринги тару тозаро дар шиша андохта бибӯянд ва дар бинӣ бикашанд, рӯҳи нафсониро, ки марказаш майна аст ва рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил аст, баланд мегардонад, инчунин аксари бемориҳои гарми шадиди вобаста ба майна бошанд, шифо мебахшад ва беҳобиро дафъ мекунад.

Хӯрдани бодиринг аксари табҳои гарм ва тезро дафъ мекунад, ҳарорати сафро, хун ва сӯзиши узвҳои даруни шикам ва ботини синаро таскин медиҳад, шиддати ташнагиро мешиканад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, сангӣ гурда ва хичакро майда карда мерезонад, зардпарвин ва исҳоли гарми бенстро шифо мебахшад.

Оби инро то 200 грамм бо 35 грамм набот биёшоманд, моддаи сафроеро, ки дар меъда ва рӯдаҳо мавҷуд бошад ва инчунин ахлоти сӯхтаи сафровӣ ва савдовиро бо воситаи исҳол дафъ мекунад, табҳои тези гарм ва зардпарвинро шифо мебахшад.

Агар бодиринг пири зард ва турш гашта бошад, қуввати исҳоловариаш назар ба бодиринги сабз зиёдтар аст. Чун як миқдор қаранфули гарданро дар бодиринги зарди пир фурӯ баранду як шабонарӯз ҳамон тавр бигузоранд ë миқдореро аз қаранфули гардан дар оби он як шабонарӯз тар кунанд, баъд рӯзи дигар онро фишурда, он обро бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, ранги рӯйро неку мегардонад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бодҳои ғализ ва моддаҳои гармидорро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш гармӣ бошад, дар як рӯз сиҳат мегардонад.

Се рӯз пай дар ҳам пӯсти бодиринги тару тозаро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад.

Хӯрдани бодиринг барои одамони гарммизоҷ форам аст, вале ба касони сардмизоҷ ва асабу меъда зарарнок аст ва нармкунандаи он мебошад, ғизоро дар

пешина
аз 702
навбатӣ