Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

гарм карда дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад.

Усораи онро дар сирко, сафедоб (белила) ҳал карда бимоланд, ҷамра (карбункул)-ро, ки реши мӯҳлик аст, даво мешавад, мӯрчагазакро ҳам дафъ мекунад ва решҳои обдори сарро шифо мебахшад; бо асал даромехта бимоланд, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, инчунин ин таркибро дар бинӣ бирезанд, сарқи кӯдаконро шифо мебахшад.

Қавлҳое мавҷуданд, ки агар судобро бихӯранд, барои иллати фолич, ларзак ва чингак шудани узвҳоро фоида дорад. Агар ҳар рӯз 3,5 грамми онро бихӯранд, ҳиқкак (ҳиқичок)-ро ба ибро меоварад.

Агар инро бихӯранд ва ё бимоланд, барои газидани каждум, ғунда, мор ва саги девона даво мебошад ва ҳамаи намуди захрҳоро аз бадан дафъ мекунад, инчунин ҳомила шуданро манъ месозад. Баргашро бардавом бихӯранд, чашмро хира мекунад, дарди сар меоварад, инчунин ба дарди нимсар гирифтор менамояд, моддаҳои фоиданоки бадан ва маниро месӯзонад.

Агар ин тавр зарар кунад, сиканҷабин (сиркоасал) ва арпабодиён бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз судоб барои калонсолон дар як рӯз аз 10,5 то 14 грамм аст.

Ба ҷои судоб кокутӣ, наъноъ, пудина ва ҷамилакро бихӯранд, равост.

Тухмашро кӯфта, аз 3,5 то 7 грамми онро бо асал ва ё бо сиканҷабин биёшоманд, саръ, кобус (дар хоб сиёҳӣ паҳш кардан)-ро дафъ мекунад, чашмро тез мегардонад, ҳиқкаки бодиро бозмедорад. Сардии меъда ва кулинчи бодиро шифо мебахшад, инчунин бар зидди аксари захрҳо тарьёк мегардад. Судобро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, низ ҳамин таъсирро дорад.

Чун тухми онро дар равғани зайтун пухта, бо он хичакро аз рӯ гармбандӣ кунанд, пешоби бастаро равон мегардонад ва душвории шошиданро дафъ мекунад.

Тухми судобро дар майҳо дохил намоянд, онҳоро хушбӯй ва пуркувват мегардонад ба зарари онҳоро дафъ мекунад, зуд аз бадан хориҷ мегардонад, лекин дар майна рутубат ва дар худи сар дард пайдо мекунад, сарро вазнин месозад.

Мизоҷи шилми судоби бӯстонӣ бағоят гарм ва хушк

пешина
аз 702
навбатӣ