Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шиками занҳои ҳомила меафтонад, инчунин агар занҳо аз таг бардоранд ё ба дудаш бидоранд, ҳамин тавр таъсир дорад.

Инро бардавом бибӯянд, чашмро заиф мегардонад, ҳамаи ҳисҳои баданро суст ва дилро камқувват мекунад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди газидани гӯнда ва каҷдумро дафъ мекунад, инчунин барои газидани саги девона низ фоида дорад; агар инро занҳо ба зери шикам банданд, намегузорад, ки онҳо борнок шаванд.

Усораашро, яъне оби гиёҳи тару тозаи инро дар офтоб ғафс гардонида, дар гӯш чаконанд, садоҳои гуногуни даруни онро ва гаронии ин узвро дафъ мекунад.

Судобро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро соф карда, дар бинии кӯдакон чаконанд, саръи (припадкаи) онҳоро шифо мебахшад, хуни биниро ҳам манъ мекунад. Барги хушкашро кӯфта, батакрор бо воситаи найча дар сӯрохи бинӣ пуф кунанд, хуни биниро банд менамояд.

Барги хушки онро кӯфта, бо равғани гулисурх, сирко ва ё бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди сарро таскин медиҳад; бо мумравғани мӯрдӣ даромехта гузошта банданд, барои доначаҳои дардники бар пӯст дамида дору мешавад; бо шибит ва асал хамир карда гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро дафъ мекунад.

Оби онро бо натрун (танакори арманӣ) даромехта, бо он бишӯянд, барои дафъ кардани доғи сафеди пӯст дармон мебошад ва навъҳои гуногуни озахро хушк карда мерезонад.

Судобро дар об ҷӯшонида, бо он об намгарм ҳукна (клизма) кунанд, кулинчро, ки варами рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мекунад.

Ва судобро дар равғани зайтун пухта, бо он аз болои ҳичак, яъне ба зери ноф гармбандӣ кунанд, пеш-оби бандшударо равон мекунад.

Хислати шифобахшии усораи он монандӣ хусусиятҳои баргаш мебошад. Инро бо оби арпабодиён ва асал даромехта, ба чашм бимоланд, сустии чашмро дафъ ва нури онро тез мекунад. Агар инро дар пӯсти анор

пешина
аз 702
навбатӣ