Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бемориҳо бисёранд. Пас, ҳарчанд ин амрҳо зиёд гарданд, қисмҳои таркибдиҳанда ҳам афзун мешаванд.
Тафсилоташ он аст, ки сабабҳои умумӣ ва мақсади таркиб додани давоҳо миқдоран кам ё зиёд гаштани он барои дафъ кардани бемориҳои матлуб аз ду чиҳат кифоятбахш аст: 1. Он ки дар он ягон кайфият ва сифат пурзӯр ва зиёд бошад аз миқдори матлуб ё ин ки заиф ва ноқис бошад ва ё зиддият дошта ва аз ҳам ҷудо шуда, ба баъзе узвҳои бадан, қувватҳо ва рӯҳҳо ё ба баъзе бемориҳо расад. 2. Он ки бемории бадан аз чанд иллат мураккаб гашта бошад, он даво батанҳоӣ ба он нуқсони бадан муқобалат нишон дода ва онро дафъ карда наметавонад. Пас, дар ин мавридҳо ба давоҳо мураккаб кардан зарур намонад, зеро ки бо даво ё ғизои муолаҷа кардан мумкин бошад, бояд ба давои ғизоӣ руҷӯъ намуд, ки то ҳоли мизоҷ ва дафъи беморӣ бо он ислоҳ шавад, инчунин ба даво ихтиёр набояд кард, агар аз давои камқувват ва осони судбахш ҳоҷат раво гардад, давои қавӣ ва душворро истеъмол набояд кард. Ҳамчунин бо давои арақовар ва пешоброн мурод ҳосил гардад ва бадан аз таъсири он аз олуишҳо пок мегашта бошад, давои мулаййинро набояд тавсия намуд ва агар бо истеъмоли давои мулаййин бадан аз азият халос мешуда бошад, давои мусхил (исҳоловар) додан ҷоиз нест, хусусан давои мусхили қавиро бидуни ҳамроҳии давои пазонандаи моддаи нодаркор набояд фармуд. Зеро давои пазонанда кивоми моддаҳои нодаркорро ба эътидол меоварад ва боиси қобилияти дафъ шудани онҳо мегардад. Инчунин табиб бояд ва ҳатман давоҳои дар таҷрибаҳои худ озмудагаштаро ба кор барад ва инчунин бояд ӯ вуҷуди шахси шифохоҳ, мизоҷҳои табобат, синну солҳои гуногуни беморонро ба эътибор гирад.

Бояд донист, ки ин ҷо мақсад аз бемории танҳо гуфтан он аст, ки табиб онро бо як амал, на бо якчанд тадбир муолаҷа намояд, масалан, бо хунук гардонидан ё таҳлил додани модда, ё бо исҳоловарандаи сафро ё балғам, ё савдо ва ғайра машғул бояд шавад.
Агар иллат мураккаб аз чанд бемориҳо бошад, мувофиқи он чанд навъ усули муолаҷаро ба кор бояд барад. Масалан: захмҳои гӯшт, ки аз ҷумлаи даридан ва чок шудан аст, барои дафъ кардани онҳо табиб ба давои мураккаб ба қувват ва кайфияти иллат дастболо ба хушккунандаи он мӯҳтоҷ мегардад. Ва агар захми

пешина
аз 702
навбатӣ