Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гӯшти бадан мурдор гашта ва бӯи бад гирифта бошад, ба давои хӯранда эҳтиёҷ меафтад. Аммо агар иллатҳо ба давои мураккаб мӯҳтоҷ бошанд, ки он даво кайфияте ва сифати қавӣ ва зиёда дошта бошад, пас он аз шаш қисм иборат аст: 1. Он ки қувват ва кайфияти давои мураккаб ба қувват ва кайфияти иллат дастболо бошад ё аз он зоид ва ноқис бошад, масалан, ҳочат ба давое афтад, ки кайфият ва ҳарорати он аз се қисм иборат бошад ва он давои мувофиқи матлубе, ки ҳарораташ аз чор қисм иборат бошад, пас ночор давои мураккаб сохта мешавад. Ва ё давое, ки аз чор ҷузъ иборат бошад, баъди кофӣ гаштани феъл ва таъсир дар он се ҷузъ аз гармӣ ҳосил шавад, монандӣ: дар вақти даромехтани оби бисёр гарм бо оби хунук ва ҳамчунин аст таркиби давои сардмизоҷ бо давои хунукмизоҷи дигар ё давои сард бо давои гарммизоҷ ва тармизоҷ; тармизоҷ бо тармизоҷ ё хушкмизоҷ бо давои мизоҷи хушкдошта, ё хушк бо тар ва ғайра. 2. Он ки дар он даво сифате ва ҳолате ғолиб бошад, ки зидният ва мухолафат дошта бошад, масалан, қувваташ бисёр шадид бошад, монандӣ: афюн, фарфюн, кофур ва монанди инҳо ва ё зуд нуфузкунанда, ки камтаре аз он кифоят кунад, монандӣ: зангор, гӯгирд, зарних, оҳак ва монанди инҳо, ки бинобар қувват ва тезии баркамол доштанашон ба таркиб кардан бо давоҳои исҳоловари часпандаи шиканандеи қувват ва тезии онҳо эҳтиёҷ афтад, монандӣ: заъфарон ва хояи сагобӣ бо афюн ё заъфарон бо кофур; катиро ва шилмҳои дигар бо фарфюн, равғанҳо бо муми занбӯри асал, сафедаи тухми мурғ бо зангор, гӯгирд ва бо оҳак. Аз ҳамин қабил аст даромехтани катиро бо марҷони сӯхтагӣ ва монанди он: биҳӣ, мустако, табошир ва уди ҳиндӣ дар бемориҳои меъда, ҷигар, рагҳо ва атрофи ин узвҳо бо сакмуниё ва бо занбӯруғи сафеди танаш дарахт даромехта мекунанд то он, ки он ҳар ду даво дар меъда, ҷигар ва рагҳо ва атрофи онҳо нигоҳ дошта шавад то он, ки онҳо таъсири худро дар он узвҳо гузаронида тавонанд, ки он таъсир иборат аз кашида берун кардани моддаи сафро ва гудохтани балғам мебошад, ки аз хосиятҳои сакмуниё ва занбӯруғи сафеди танаи дарахт аст, ҳамин тариқ ба зудӣ он моддаҳои нодаркорро ба рӯдаҳо ва аз рӯдаҳо ба берун меронанд. Низ ин ҳар ду давоҳо се қувватҳои баданӣ (нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табиӣ) ва се рӯҳи баданӣ ва

пешина
аз 702
навбатӣ