Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Чойкаҳак
Ин гиёҳ асосан дар се намуд мерӯяд, ки барои табобат истифода мегарданд. Ҳар серо ҳам тухмаш ба ҷав монанд аст. Як қисмро баландии пояаш як ваҷаб ва зиёдтар аз он ҳам ҳаст. Баргаш монанди барги говқафонак, бисёр сурх, гулаш сафед ва монанди гули шибит чатрӣ, бӯяш ба бӯи санавбар шабоҳат дорад. Тухмаш дар ғилоф, сиёҳи дарозак ва монанди ҷав ва кулӯла ҳам. Ин дар заминҳои сахт ва чоҳои нокорам мерӯяд. Тухмаш аз тухми навъҳои дигараш қавитар мебошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад.
Мизоҷи ин навъаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо гуфтаанд, ки хушкиаш аз гармии он зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он кузоз (столбняк)-ро шифо мебахшад, гиреҳҳои ҷигар, меъда ва рӯдаҳоро мекушояд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад ва моддаҳои рақиқи сафроро бо исҳол дафъ менамояд. Инро занҳо аз таг бардоранд низ, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад.
Баргашро дар об ҷӯшонда, он обро бо шароб биёшоманд ё усораи онро, яъне обашро дар офтоб ғафс гардонида, чил рӯз паи ҳам бинӯшанд, дарди суринҳо, иркуннасо (радикулит) ва никрис (подагра)-ро дафъ мекунад.
Ҳар рӯз 1,75 грамм тухмашро кӯфта, бо шаҳдоб биёшоманд, иркуннасоро дафъ мекунад. Ин миқдор тухми онро бо ним вазни он судоб биёшоманд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
Баргашро кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои калонро аз риму чирк пок мекунад ва даҳони онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, решҳои ҳабиса ва сӯхтагии оташро сиҳат мекунад.
Тухми онро кӯфта бинӯшанд, захмҳои варамида ва бадбӯро пок мегардонад. Ба ҷои ин тухми шибит ва арпабодиёнро ба кор баранд, раво мебошад.
Хислатҳои тиббии решааш монанди решаи кавар аст.
Чойкаҳаки қисми дуввумро гиёҳаш бузургтар аз алафи навъи якум аст, шохҳояш бисёртар, баргаш ба андозаи барги наъноъ, пуршох ва рост, пояаш сурх, гулаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор