Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
зард. Тухмаш монанди кӯкнор дар ғилофе, рӯяш хатҳо дорад, бӯяш монанди шилми санаббар аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм тухмашро бо оби хунук бихӯранд, сафрои ғализро бо исҳол дафъ мекунад. Хусусияти ин дар ҳама ҷиҳат монанди қисми якумаш мебошад.
Тухми инро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро бимоланд, ҷароҳатҳои калонро шифо мебахшад.
Гиёҳашро кӯфта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.
Қисми саввумро алафаш баландтар назар ба гиёҳи қисми якум аст, вале хурдтар аз қисми дуввум, ин бисёр сурх, шохҳояш анбӯҳтар, баргаш сербар, монанди барги судоб, яъне ба андозаи барги наъноъ, бисёр, гулаш зард ва бӯяш монанди қисми аввала аст.
Мизоҷаш дар гармӣ ва хушкӣ аз қисми якум камтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, рутубатҳои зиёдатии меъдаро бо исҳол дафъ мекунад ва тарини онро хушк менамояд. Ин дар ҳамаи ҷиҳатҳои тиббӣ қавитар аз қисмҳои якум ва дуввум аст. 7 грамм гиёҳи хушки онро кӯфта, бо оби хунук бинӯшоманд, сафрои ғализро бо исҳол дафъ мекунад, меъдаро қавӣ мегардонад; фолич, иркуннасо (радикулит) ва душворин шошиданро сиҳат мебахшад; санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, баҷаро аз шиками занони ҳомила меафтонад, ҳайзи бастаро мекушояд, рухсораро сурх месозад, бар зидди ҳамаи заҳрҳо тарьёк мешавад; барои иллатҳои истиско, кулинҷ (колит) ва таби дурӯздармиёнгиранда дару мешавад.
Инро кӯфта, бо равғани зайтун даромехта бимоланд, фоличро, ки гардани бемораш ба пушт хамида бошад, шифо мебахшад. Агар худи инро кӯфта бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғи кунҷидак ва ҳамаи дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад; бавосир ва дарди луққосин пайвандҳоро ба ибро меоварад, захмҳоро сиҳат мебахшад.
Вале хӯрдани ин одамони гарммизоҷро дарди сар мекунад — давои ин зарараш сиркоасал (сиканҷабин) хӯрдан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор