Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ҳакими машҳур Шариф гуфтааст: «Агар хоҳанд, ки бадан лоғар гардад, дар зимистон либоси зағирпоягин нав, яъне ношустаи онро бипӯшанд ва дар тобистон либоси шустаи онро бипӯшанд. Агар ҳар кас хоҳад, ки лоғар нагардад, дар зимистон шустаи онро ва дар тобистон нави онро бипӯшад».

Гули зағирро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қавӣ мегардонад.

Ранги тухмаш гуногун аст: зарди тира, моил ба сурхӣ, қисме сиёҳ ва навъе аз он сафед аст.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: тухмашро кӯфта, бо оби хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз варам кардани пардаҳо ва худи майна бошад, шифо мебахшад; хориши майнаро дафъ мекунад ва захмҳои сарро ба ибро меоварад.

10 грамм тухми зағирро дар 200 грамм об биҷӯшонанд, он об моддаи шилмак мегардад — ҳамин луоби тухми зағир ҳисоб меёбад. Луоби тухми зағирро дар чашм чаконанд ё онро ба чашм бимоланд, сурхиашро дафъ мекунад.

Зағирро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, сурфаи балгамиро шифо мебахшад.

10,5 грамм тухми зағирро кӯфта бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, варами ҷигарро пазонида таҳлил медиҳад ва дигар узвҳои бадан варам карда бошанд, варами онҳоро мегардонад. Агар ин миқдорро бирён карда, кӯфта бихӯранд, хун қай кардан ва сурфаи тарро шифо мебахшад.

Ҳар рӯз 2,25 грамми онро кӯфта бихӯранд, дарди рӯдаҳоро нест мекунад, пешобро меронад, арақ меоварад, шири занҳо ва ҳайзи онҳоро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад, захми гурда ва ҳичакро ба ибро меоварад.

Чун 11 грамм тухми он аз хасҳо пок карда, дар об ҷӯшонида, луоби онро якҷо бо тухмҳояш биёшоманд ва чанд рӯз бо ин мудовамат намоянд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Агар инро, яъне луоби тухмноки инро бо асал ширин карда бинӯшанд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Ба ин луоби тухмдораш, ки бо асал ширин карда шудааст, 4—5 дона мурҷро кӯфта,

пешина
аз 702
навбатӣ