Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ба он дохил намуда, ҳамаашро биёшоманд ва ҳамин тавр шаш-ҳафт рӯз мудовамат намоянд, барои касоне, ки аз мардиашон маҳрум гашта бошанд, аз нав барқарори хислати мардӣ медиҳад.

Агар камтареро дар об ҷӯшонида бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, яъне клизма кунанд, моддаҳои бегонаро ихроҷ мекунад, сӯзиши рӯдаҳо ва бачадонро таскин медиҳад.

Дар обе, ки тухми зағир ҷӯшонида шуда бошад, ба такрори амал занҳо то ноф даромада нишинанд, ҳоли бади бачадонро ислоҳ мекунад ва агар ба дудаш бидоранд ҳам, ҳамин навъ таъсиро дорад.

Тухми зағирро кӯфта гузошта банданд, варами сахтро таҳлил медиҳад, решҳои сарро шифо мебахшад.
Инро бо анҷир сиришта бибанданд, доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо танакор ва хокистар даромехта гузошта банданд, озахҳоро хушк карда мерезонанд; бо равғани кунҷид хамир сохта гузошта банданд, захмҳоро шифо мебахшад ва инчунин дард ва сӯзиши онҳоро таскин медиҳад.

Тухми зағирро сӯхта, соида, бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк мекунад, инчунин дарду сӯзиши онҳоро ҳам таскин медиҳад.

Вале истеъмоли тухми зағир ба дарун аз ҳад зиёд гардад, чашмро торик мекунад — дар ин ҳолат кашниз бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд; ба ҳозима ҳам зарар мекунад — дар ин маврид сиканҷабин бихӯранд; ба хояҳо ҳам зиён дорад — давои ин асал хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми зағир аз 10,5 то 14 грамм аст.

Ба ҷои ин ҳулбаро истеъмол намоянд раво мебошад.

Мизоҷи равғани зағир гарм ва тар аст.

Агар равғани зағирро бо равғани гулисурх ҳамроҳ карда, бо он ҳуқна кунанд, дарди ҷароҳати рӯдаҳоро таскин медиҳад.

Ин равғанро аз рӯ бимоланд, дарди дилро таскин медиҳад, шукуфаи пӯст ва ҷароҳатҳоро шифо мебахшад, инчунин дарди ҷароҳатҳо ҳам сокин мекунад.

Равғани зағирро хоҳ доғ карда ва хоҳ доғ нокарда биёшоманд, кулинчи инсонро, ки ба забони русӣ колит меноманд, дафъ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ