Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
пиёз бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, барои иллати махав фоида мебахшад.
Як миқдор оби баргашро гирифта, бо дучанди он асал ба қивом оварда, мувофиқи бардошти табъ бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ ва зиқ-ун-нафас даво мебошад.
Пиёзи ансулро бо ташвия пухта, бо камтар сир ва намак даромехта, ҳамааш 15 грамм бошад, бо палави равғанӣ бихӯранд, кирмҳои шикамро ҳар навъ, ки бошанд, дафъ мекунад.
Агар мақсади касе қай кардан бошад, 0.2 грамм аз пиёзаш ва ҳамин миқдор решаҳояшро гирифта — ҳар дуро якҷо кӯфта, бо об биёшоманд, сахт қай меоварад ва меъдаро аз чизҳои бегона пок мегардонад.
Чун тухми онро бо сирко кӯфта, дар ҳаммом ба доғи сафеди пӯст, ки бо ҳеҷ як даво сиҳат наёфта бошад, бимоланд, он доғҳоро ҳатман нест мекунад.
Ин пиёзро реза-реза карда, дар равғани савсани сафед ё савсани кӯҳӣ биҷӯшонанд ба дараҷае, ки пиёз хушк ва нимсӯхта гардад, баъд он равғанро ба узвҳое, ки аз таъсири сармо шах шуда бошанд, дарди буғумҳо ва никрис бимоланд, ба ибро меоварад; агар дар гӯш бичаконанд, дардашро таскин медиҳад ва гиреҳҳои дар пардаҳои он ба амаломадаро мекушояд. Ин равғанро бо муми занбӯри асал ва камтар гӯгирд ҳамроҳ карда, ба решаҳое, ки рутубаташон монандӣ шир аст ва кӯтури решашта, инчунин кӯтури хушк, ба хоришҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, сиҳат мебахшад. Бо зифт ва ҳино сиришта бимоланд, доначаҳои хушки ба сари тифлон баромадаро нест мекунад.
Акнун дар омади гап, тарзи тайёр кардани равғани савсани сафедро баён мекунем. Ба даруни зарфи шиша то нима равғани кунҷиди тоза мерезанд ва онро аз гулҳои тару тозаи савсани сафед пур карда, ба офтоб мегузоранд. Вақте ки ранги гул дигар шавад, бӯяш бипарад, қувваташ ба равған бигузорад, гулро фишурда дур мекунанду ба ҷои он гули нав меандозанд. Ҳамин тавр панҷ-шаш маротиба гулҳоро нав мекунанд, баъд равғанро соф карда мегиранд — ҳамин равғани савсани сафед мебошад.
Агар ин пиёзро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, газидани мори афъиро шифо мебахшад.
Бӯи пиёзи ансул кушандаи магасҳои газанда мебошад ва мушро ҳамон дам ҳалок мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор