Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар ин пиёзро наздики ток бишинонанд, ангурашро ба ислоҳ меоварад ва агар дар пои дарахти анор ва биҳӣ бишинонанд, рехтани гули онҳоро манъ мекунад.

Тухми ансул дарунро мулоим мекунад ва барои дарди рӯдаҳо, макъад ва дарди чашм дору мешавад. Чун тухми ансулро кӯфта, бо сирко хамир карда хабҳо созанд, яъне онро ба андозаи ғӯраи олуча кулӯлаҳо сохта, як адади онро дар миёни анҷири пухтагӣ гузошта, як рӯзи пурра дар асали рақиқ (суюқ) тар намоянд, баъд он анҷирро аз асал берун карда бимаканд, аз болояш оби гарм ё оберо, ки дар он навшодир ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, шадидтарин қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мегардонад.

Вале хӯрдани пиёзи ансул барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: ғамгин мекунад, ба асабҳояшон низ зиён меоварад. Дар ин ҳолатҳо қанд ва набот бояд хӯрд ё сиканҷабин биёшоманд, зарари онро дафъ месозад. Инчунин шири навдӯшида ва обҷоҳу меваҳо зиёни онро ба ислоҳ меоварад.

Бояд огоҳ кунем: пиёзи ансулро, ки танҳо дар майдон рӯида бошад, набояд бихӯранд, зеро ки вай хислати заҳр пайдо мекунад — мекушад.

Миқдори як бор хӯрдан аз пиёзи ансул дар як рӯз то 7 грамм аст. Агар аз ин зиёд бихӯранд, зарар мекунад, ҳатто мӯҳлик аст, хусусан ғайримашвӯии он. Агар зарар оварад, зудтар кай карда партоянд ва чизҳои хунукмизоҷ бихӯранд, оби меваҳои сардмизоҷ бинӯшанд.

Аз пиёзи ансул равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:

  1. Пиёзи ансулро бо корди чӯбин варақ кунанду аз он 25 граммашро дар 100 грамм равғани зайтун биҷӯшонанд, то пиёз бипазад. Пас равғанро соф намуда, дар шиша нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат ба кор баранд.

  2. Равғани ансул ба тариқи дигар. Ансули навро бо корд варақ-варақ карда, дар равғани зайтун андохта, чил рӯз дар офтоб мегузоранд.

  3. Нусхаи дигари равғани ансул ин тариқ аст. Ансули навро бо корди чӯбин варақ-варақ карда, дар зарфе ба об андозанд, аз болояш равғани зайтунеро, ки баъд аз кашида шуданаш шаш сол ва зиёда губаъд

пешина
аз 702
навбатӣ