Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мекунад. Барои кушодани гиреҳҳо ва таҳлил додани варами сахти ҷигар ҳар рӯз 150 грамм сиркоеро, ки решан газ ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, шифо ме- бахшад.

Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам меку- над. Ва агар ин обро биёшоманд, исҳопро банд месо- зад ва рафтани хунро аз бачадон мебандад, инчунин рафтани рутубатро аз он хушк мекунад.

Усораи барги онро, яъне оби барги онро дар оф- тоб ғафс гардонида ё баргҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро, ё гулаш ва ё тухмашро биёшоманд, сипурзи сахти беҳад васеъгаштаро кӯчак мегардонад, хусусан онро дар сирко ва бо анҷир ҷӯшонида бошанд, зудтар таъсир мекунад.

Ҳар як қисми газро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, хунравро аз мақъад, бача- дон ва инчунин аз бавосир манъ мекунад. Агар бо он об сарро бишӯянд, шапуш ва ришкро дафъ месозад.

Баргҳояшро пухта, кӯфта, бо сирко ва решан ка- зар ё сабир (алоэ) хамир сохта гузошта банданд, ва- рами гарм ва сахти сипурзро таҳлил медиҳад. Ин баргҳои пухтагиро аз рӯ гармбандӣ кунанд, иллатҳои сипурзро дафъ мекунад.

Гази хушкро кӯфта бипошанд, решҳои тар ва зах- ми облан дар оташ сӯхтагиро хушк мекунад.

Шоҳ ва баргҳои онро сӯхта, дудашро бигиранд, зу- комро шифо мебахшад, зулуки дар ҳалқ мондаро их- роҷ мекунад ва инчунин обила ва захмҳои тарро хушк мегардонад.

Се дафъа баргашро сӯхта, мақъадро ба дудаш би- доранд, донаи бавосирро меафтонад ва озахҳоро хуш- конида мерезонад.

Хокистари чӯби газро дар мақъад бардоранд, ил- лати сустии мақъад (кӯтан) ва баромадани онро ба ибро меоварад. Агар инро бипошанд, решҳои тарро хушк мекунад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Самари газакро кӯфта бихӯранд, хун қай карданро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад, милкҳои сусти дандонро мустаҳкам мекунад ва фасоди ҳавои вабоиро дафъ менамояд, инчунин заҳри ғундаро аз бадан хориҷ мегардонад.

Агар аз зарфи чӯби газӣ об ва таом бихӯранд, барои бемориҳои сипурз фоида дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ