Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Гази калони кӯҳӣ

Ин дарахт дар кӯҳистонҳо мерӯяд, баландиаш зиёдтар аз дарахти шафтолу, вале сершоҳ мебошад. Баргаш монандӣ баргҳои гази оддӣ ва арча аст, бе гул мебошад; самараш ба андозаи нахӯде, сабзи зардтоб.
Таъми баргаш ҳам, самараш ҳам ба тунчӣ моил ва каме талхӣ низ дорад. Самараш аз гиреҳҳои шохи он пайдо мешавад, дар фасли тобистон расида мегардад, даруни он тухмҳои резаи ба ҳам часпида дорад.

Мизоҷи шоҳу баргҳояш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст, вале мизоҷи самараш дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: барг ва навдаҳои онро бихӯранд, дарунро аз чизҳои бегона ва нодаркор пок мекунад, гиреҳҳои дар сипурз пайдошударо мекушояд, ҷигарро қавӣ мегардонад ва варами онро таҳлил медиҳад; барои иллати махав ва сиёҳ кардани мӯи сафедшуда нафъ дорад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Онро сӯхта, ба дудаш ва дар об ҷӯшонида, ба бухораш бидоранд, каҷ шудани рӯйро ислоҳ мекунад.

Реша, шоҳу навдаҳо ва барги онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳҳои сипурзро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад, мӯи сафедшударо сиёҳ менамояд, барои иллати махав дору мешавад.
Агар онро дар сирко ё дар шароб ҷӯшонида, он сирко ё шаробро бинӯшанд, ҷигарро қувват мебахшад ва варами онро мегардонад. Ва агар инро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад.

Онро сӯхта, ба дудаш то ҳафт дафъа бидоранд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад, донахҳои дамидаи иллати нағзакро мерезонад; бавосир ва ҷӯшиши хон майдаи пӯстро, ки зардоб аз онҳо таровиш кунад, шифо мебахшад.

Хокистарашро ё оберо, ки ҳар як қисми гази калони кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бимоланд, мақъади баромада (кӯтани беруномадаро) ба ҷояш мебарад, мӯйро қувватнок мекунад. Хокистарашро ба ҷое, ки хун рафтан дошта бошад, бипошанд, хунро зуд манъ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз обе, ки дар он гази калон ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз 250 грамм аст.

пешина
аз 702
навбатӣ