Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Миқдори як бор хӯрдан аз барг ва тухми панҷангушт дар як рӯз то 4,5 грамм аст. Беҳтар он аст, ки инро бидуни шилми бодомҳо, ки ислоҳкунандаи зарараш мебошад, истеъмол накунанд.
- Олу
Дар тиб аксар олуи сиёҳ ба кор меравад, ки пухта шодоб ва ширин шуда бошад.
Мизоҷи олуи сиёҳ дар дараҷаи якум хунук ва дар дуввум тар аст. Мизоҷи дигар олуҳо низ тақрибан ба он наздик мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: модоме ки олуи сиёҳ аз нуқтаи назари тиббӣ ҷолиби диққат аст, вале мо барои муқоиса хусусиятҳои олуҳои дигарро низ ба забон мегирем.
Олуи сиёҳ ҳамчун ғизо камқувват, вале мулоимкунанда ва лағҷонандаи дарун аст, хусусан дар тари пухтагии он ин хислат зиёдтар мебошад, зеро рутубат ва часпандагӣ дар он афзун аст. Агар олуи сиёҳро пеш аз таом бихӯранд, сафрои рақиқро меронад, дарди сари аз гармӣ баамаломада ва табҳои сафровиро фоида дорад; ғалабаи сафроро, яъне афзудани сафроро хомӯш мекунад, қайи сафровиро бозмедорад, ташнагиро таскин медиҳад, ҳарорати дил ва шиддати тафси онро хомӯш мегардонад, хориши баданро нест мекунад, сафрои рақиқ (суюқ)-ро бо воситаи исҳол дафъ месозад; беҷо (беҳузур) гаштани дилро, ки аз бисёр шудани моддаи сафро дар меъда ба амал омада бошад, дафъ менамояд; хусусан майхуш (туршу ширин)-и он дар ин бобат пуртаъсир аст. Вале олуи сиёҳи ширин дарунро суст ва мулоим мегардонад ва бо ин хислаташ бештар дарунро меронад Басост, ки навъи турши олуи сиёҳ дарунро меронад. Зеро ки он дар шикам ба чизҳои турш бирасад, онҳоро мулоим сохта, аз ҷояшон канда ва ҷудо намуда дафъ мегардонад, вале агар ба моддаҳои ғайри турш бирасад, дарунро шах мекунад.
Агар олуи сахти майда бошад, баъд аз хӯрдан дарунро сахт мекунад. Агар инро бо шахдоб бихӯранд, он гоҳ дарунро меронад, инчунин барои дарун безарар мегардад.
Олуи хушкро дар об бипазанд ва он обро соф карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор