Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агарчи камтар бихӯрад, ба зудӣ ҳазм намеёбад, то агар бо воситаи даво ихроҷ накунанд, он ғизо аз шикамаш дафъ намегардад, низ соҳибаш ором ҳам намегирад. Баъзе занҳоро баробари он чизҳое, ки зикр ёфтанд, боз таби сабук ҳам мегирад.
Барги тари ин буттаро кӯфта гузошта банданд, дарди сари рутубӣ ё аз варами ширёнси майна ба судур омада бошад, шифо мебахшад.
Оби баргашро бинӯшанд, девонагиро сиҳат мекунад, гиреҳҳои майнаро мекушояд; тапидани дилро, ки аз зиёд шудани моддаҳои балғам ва савдо ба зуҳур пайваста бошад, шифо мебахшад, гиреҳҳои даруни ҷигар ва сипурзро мекушояд.
Барг ва самари панҷангуштро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд ё ки барги онро баробармиқдор бо пудинаи даштӣ гирифта, сӯхта, дудашро занҳо ба миёни поҳои худ бигиранд, ҳайзи бастаро равон мекунад. Самар ва барги онро дар об ҷӯшонида, занҳо то ноф дар он об даромада нишинанд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва агар шахсеро, ки мақъадаш варам карда бошад, барои он низ даво мешавад.
Барги онро бо барги ток якҷо кӯфта, бо маскаи тоза марҳам сохта, гузошта банданд, хояҳои сахтгаштаро ба ҳоли аслиашон меоваранд. Ҳар як қисми панҷангуштро дуд кунанд, чорводорони зарарнок аз он атроф мегурезанд.
Баргҳои тари онро паҳн карда, яъне густарда бар болояш нишинанд, қуввати боҳро, яъне пушти камарро мешиканад. Барги тари онро дар оташ гарм карда, гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад ва агар ба хояҳо об фуромада бошад, ҳамин тавр бо ин гармбандӣ кунанд, инро ҳам шифо мебахшад.
Аз чӯби он асо сохта, ба он такя карда бигарданд, шаҳвати мардиро қатъ мекунад.
Баргҳои онро ба зери ҷоғаҳи хоб бигустаранд, дар хоб ҷимоъ кардан, яъне дар хоб шайтон заданро ба ибро меоварад, инчунин бархостани олати мардиро қатъ мекунад.
Хислати тухмаш назар ба барги он сабуктар аст. Хӯрдани панҷангушт ба гурда зарар дорад ва дарди сар меоварад. Дар ин мавриди шилми бодомҳоро хӯрдан ҷоиз аст, ки зиёнашро ислоҳ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор