Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

сакмунис бо гӯшти ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл) омехта шаванд, шифо мебахшад; вале агар моддаи он иллати мураккаб аз савдо ва балғам иборат бошад, ба таркиб кардани санги арманӣ бо лоҷвард эҳтиёҷ меафтад. Агар захмҳои римнокро табобат кардан лозим ояд, дар ин ҳолат ба давои поккунандаи рим ва ҷудо кардани гӯшти ҳаром эҳтиёҷ пайдо мешавад, то ки гӯшти солим бирӯяд. Пас, ночор давоҳои римро дурку надаю гӯшти тоза рӯёнандаро бо ҳам омехтан зарур мегар-дад, ки ин даво шилми санавбар бо зангор мархам сохта мешавад. Ва барои табобати варами сахти сар-ди ҷигар, ки дар он пазонанда ва таҳлил додани ва-рам зарур аст, барои дафъи ҳамаи ин ҳоли ҷигар да-вои содда ёфт намешавад. Бинобар ин дар таркиб до-дани давои муносиб барои пазонидан ҳулбаро, барои кушодани гиреҳҳо талхшувок, барои таҳлил додани варам заъфарон ва барои қабзият ва нигоҳ доштани қуввати он гулисурх — ҳамаро бо ҳам даромехтан ло-зим меояд. Зеро ки агар моддаҳо пухта шаванд, гиреҳ-ҳо кушода шуда, варам таҳлил ёфта, он моддаҳо ба осенӣ дафъ мегарданд; ва аз сабаби банд гаштани маҷроҳо ва нигоҳ дошта шудани қувват моддаҳои на-ви беғена ба он узв рехта намегарданд. Сабаби дигаре он аст, ки агар пеш аз пухта шудани модда давоҳои таҳлиддиҳанда истеъмол карда шаванд, қисми лати-фи (суюқӣ) модда ба таҳлил меравад ва қисми ғаф-саш шах шуда, дар натиҷа беморӣ кашол меёбад. Он, ки агар дар варамҳои сахт ва сарди ҷигар, ки ба са-баби гиреҳ пайдо шудан найчаи мобайни ҷигар ва си-пурз банд гашта бошад, дар натиҷаи ин ахлоти ғафси савдовӣ дар ҷигар ҷамъ мегарданд, зеро онро сипурз аз ҷигар ба худ кашида наметавонад. Инчунин дар варами гарми хунӣ ё сафровӣ, ки беморӣ мураккаб аз бадмизоҷӣ ва даридан мураккаб мебошад — дар ин ҳолат ба таркиб додани давои мураккаби сардмизоҷ эҳтиёҷ меафтад; барои дафъ кардани мизоҷи бади гарм ва ба давои радкунандаи моддаҳои зарарноки аз нав ба ҷигар рехташаванда ва барои титу паро-канда гардонидани моддаи дар он рехташуда; инчунин ба давоҳои қувватбахши қабзиятовар монандӣ: бо ҳам даромехтани биёраи бебарги каду бо сандал, бобуна ва акокиё ном шилм зарурат пайдо мешавад. Қисми дуввум он, ки давои соддаи ду қувватдошта пайдо кар-да мешавад: яке аз он ҳар ду қавитар ва дигаре за

пешина
аз 702
навбатӣ