Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
нфтар барои бемории мураккаби иборат аз ду иллат, бо тезии худ ба он ду беморӣ муқобалат карда наметавонад. Зеро ки яке аз қувватҳояш пурзӯр буда, фақат ба як беморӣ ғолиб меояд, вале бо қуввати дигараш, ки заиф аст, дар амри барҳам додани бемории дуввум нокис мебошад. Пас, ночор барои тартиб додани он давои мураккабе, ки ҳар ду қуввати онро мӯътадил гардонад, хоҷат меафтад, масалан, ба бобуна. Пас ҳар гоҳ бошиддат қабзият намудан мақсад бошад, бояд онро бо давои қабзияттовар даромехт ва ғайра. 2. Давоеро, ки дар он ду қувват бошад: яке аз он қавитар ва дигаре заифтар барои бемории мураккаб аз ду иллат бошад, ёфтан даркор аст. Он даво ба ҳар ду иллат баробар муқобалат ва муқовимат карда наметавонад. Зеро яке қувватҳои қавӣ буда, ғолиб меояд ба яки он беморӣ, вале бо қуввати дуввумаш аз иллати дигар заиф ва нокис аст. Пас ночор эҳтиёҷ ба тартиб додани давои дигар, ки ҳар ду қуваташ баробари он ҳар ду беморӣ бошанд, эҳтиёҷ меафтад. Масалан: дар ин ҷо бобунаро ихтиёр мекунанд, ки қуввати таҳлилдиҳандааш бештар аст назар ба қуввати қабзияттовари он. Модом ки мақсад қабзияти шадид ба амал овардан бошад, онро бо давои қабзияттовар таркиб додан лозим аст, ки то мурод дар муолаҷа ҳосил гардад. 3. Он ки яке аз ду ҷузъи беморӣ шадидтар аз дигаре бошад, давои содда бар зидди ҳар ду беморӣ комилан таъсирбахш ёфт намешавад. Пас, дар ин сурат ҳам барои сохтани давои мураккаб, ки ба ҳар дуи беморӣ таъсири мусбат расонад, мӯҳтоҷанд. Барои ҳамин ягон чиз ба бобуна ҳамроҳ намоянд, ки қуввати таҳлилдиҳандаи онро кам намояд. Агар қуввати қабзияттовари онро афзудан мурод бошад, давои афзоишдиҳандаи қабзият бояд ҳамроҳ намуд, ва илло қуввати таҳлилдиҳандаи онро изофа сохтан мақсад гардад, то ки қуввати давои мураккаб баробари беморӣ гардад, ин гуна даво оби ҷав ба бобуна ҳамроҳ кардан аст барои иллати захми шуш ва таби диқ (лоғаркунанда), ки танҳо бо воситаи сардии мизоҷи худ ҳароратро хомӯш карда наметавонад, аммо бо қуввати поккунандаи худ барои захми шуш кифоятбахш ва баробарқувва мебошад, вале барои часпонидани захми он каме нокис аст. Бинобар ҳамин жатиро ва гили махтум дар захми шуш барои зарурат ва кофур дар таби диқ изофа бояд намуд, то ки қувғатӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё