Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва сипурз мекушояд; истиско, иллатҳои сипурз ва зардпарвинро фоида дорад; тифлаш феъли меъдаро вайрон мекунад; тухмаш бодҳои даруро пароканда менамояд, иштиҳо меоварад, пасмонраи ғизоро ба зудӣ аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар нафъ дорад». Агар хӯроки вазнин тановул карда, аз болояш 2,5 грамм тухмашро хонда бихӯранд, онро зуд ҳазм мекунад. Агар ин миқдор тухмашро кӯфта, бо сиканҷабин бинӯшанд, башиддат кай меоварад, бо ин восита меъдаро аз ахлоти бегона пок мегардонад.
Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2—3 грамм бихӯранд, луққос зада дард кардани пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба ислоҳ меоварад, иркуннасоро сиҳат мебахшад, дарди суринҳоро дафъ мекунад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест мекунад. Худи турбро низ бихӯранд, бемориҳои мазкурро дафъ месозад, балки аз тухмаш зӯртар аст.
Турбро кӯфта, бо асал даромехта, ба захмҳои хабиса (злокачественные язвы), решҳои бадгарини фасодашон ширмонанд ва асалранг гузошта банданд, шифо мебахшад. Ва агар тухмашро кӯфта, бо сирко сиришта, ба доғи ғонағароё (гангрена) ва ба шукуфаи пӯст гузошта банданд, онҳоро нест мекунад. Худи турбро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир карда, ба рихинакҳои рухсора гузошта банданд, чеҳраро аз онҳо пок менамояд.
Турбро дар об ҷӯшонида, он обро занҳо бинӯшанд, ҳайзи бастаи онҳоро равон мекунад. Бандҳои барги турбро кӯфта, фишурда обашро гирифта, 25 грамм аз он бинӯшанд, санги хичакро майда карда мерезонад, вале агар инро бо сиканҷабин даромехта бинӯшанд, таъсираш зудтар ва зиёдтар мегардад дар ин амал. Оби барг ва банди барги онро ба миқдори 75 грамм гирифта, бо шакар ширин карда бинӯшанд, тамоми зардобро аз бадан дур мекунад ва бо ин восита иллати истискоро ҳам шифо мебахшад; агар инро бо намак бинӯшанд, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад, гиреҳҳои даруни ҷигарро мекушояд ва зардпарвинро нафъ мебахшад. Даруни турбро кофта гирифта, дар он ковокӣ тухми шалғам пур кунанду даҳони онро бо порчаи турб маҳкам намуда, баъд онро ба миёни хамир гирифта, дар кӯри оташ пухта, бо асал бихӯранд, ҳамин тариқ се рӯз пай дар ҳам амал кунанд, санги хичакро майда карда мерезонад. Ва агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор