Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
як худи тухми турбро бихӯранд, ҳайз ва шири занонро ҷорӣ мекунад, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад, инчунин кайовар низ мебошад; барои дарди ҷигар, ки аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад ва барои варами сипурз фоида дорад.
Агар турбро кӯфта, ба мавзеи морӣ афӯй газида гузошта банданд, зарари заҳри онро нест мекунад ва агар тухмашро кӯфта, бо шароб даромехта гузошта банданд, мори шохдор газида ва заҳрҳои ҷонварони дигарро, ки ба бадан андохта бошанд, безарар мегардонад. Хоҳ турби тарошидаро бар болои каждум партоянд, хоҳ обашро бар каждум бирезанд, каждум мемирад. Касеро, ки турб хӯрда бошад, каждум бигазад, зарар намекунад. Оби турбро бар аъзои бадан молида, шаб дар ҳар ҷо, ки бошад, бихобанд, ҷонварони заҳрандоз наздик намеоянд.
Хӯрдани турб ранги рухсорро неку мегардонад. Турбро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир сохта, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад; ва агар инро бо асал хамир карда, ба доғҳои зери чашм гузошта банданд, онҳоро дур мекунад. Оби турбро ба шукуфаи пӯст бимоланд, фоида дорад. Тухмашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба доғҳои нуқтамонанди сиёҳ ва сафеди дар рӯи пӯст пайдошуда ва инчунин ба дигар доғҳои бегонаи пӯст гузошта банданд, пӯстро аз он доғҳо пок мекунад, аз он ҷумла доғҳои кунҷидакро ҳам дафъ ва ранги рӯйро тоза месозад, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.
Ногуфта намонад, ки турбро аз андоза зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, ахлоти баданро бадбӯ мегардонад; инчунин ба сар, дандонҳо ва ҳалқ зарар мерасонад. Дар ин гуна ҳолат намак, асал ва зираи дар сирко тар кардашударо хӯрдан даркор аст, то ки зарараш ислоҳ ёбад.
Турбро як шабонарӯз дар сиркои тунди ангури тар карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, сипурзи сахтшударо мулоим мекунад, инчунин онро бо таом бихӯранд ҳам, чунин фоидаро дорад.
Чунонки гуфтем, тухмашро бихӯранд, қай меоварад, вале барои дарди ҷигар ва дарди сипурз дору мешавад; дар бобати пешоб ва ширу ҳайзро равон кардан ва дафъ намудани заҳрҳо фоидаи аҷиб дорад. Агар инро бо шароб бихӯранд, бар зидди газидани мори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор