Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
доштагиаш исҳолро мебандад ва бинобар талхӣ доштанаш пешоброн аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин бинобар хушбӯй буданаш рӯҳи одамиро мулоим, яъне ором мекунад; ба сабаби қуввати қабзияташ, яъне бинобар неруи нигоҳдорандагӣ ва латиф доштанаш дарунро мебандад — азбаски чунин аст, боиси пок, тоза, мустаҳкам, равшан, қавӣ гаштани рӯҳи инсонӣ мегардад. Бо воситаи ин хислатояш ба дил низ қувват мебахшад, иллати дилтапак (дилбозӣ), дарди сар, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, дарди гӯш ва омадани рим аз даруни он, дарди дандон, ҷӯшиши (пухтани) даҳон ва нотавонии забонро шифо мебахшад, чашмро қавӣ мекунад, варамҳоро пас мегардонад, захм ва ҷароҳатро сиҳат мебахшад.
Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, хун қай кардан ва хунравиро аз ҳар аъзо, ки бошад, дафъ мекунад, арақкуниро манъ месозад, меъда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад; пешобро меронад, варамҳоро таҳлил медиҳад, сангҳои гурда ва ҳичакрӯ майда карда меренозад, хуни ҳайзро манъ, ҳатто қатъ мекунад, сустии гурдаро барҳам медиҳад, бавосирро шифо мебахшад ва устухони шикастаро бо ҳам пайваст мегардонад.
Самари он қуввати тарьёкӣ дорад, яъне таъсири заҳрҳоро мешиканад ва аз бадан онро дафъ мекунад, хусусан заҳри ғунда ва каждумро зиёдтар ва зудтар дафъ месозад.
Барги тарашро кӯфта батанҳоӣ ё бо сирко сиришта, ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро манъ мекунад; ва ба сар гузошта банданд, сабӯсаки сарро пок менамояд ва агар сар захм дошта бошад, хушк мекунад. Чун дар оби баргаш як миқдор гулоб ва камтар кофур дохил карда ва баъд лағтаи зағирпоягиро дар он тар намуда, аз рӯ ба меъда бигузоранд, дарди сареро, ки сабабаш ғалабан сафро, яъне зиёд шудани сафро дар меъда бошад, шифо мебахшад.
Самари онро пухта, бо шароб хамир карда, ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабабаш ғалабаи балғам ва сафро бошад, дафъ мекунад.
Баргашро кӯфта, бо равғани гулисурх ва зардаи тухми мурғ сиришта, ба сар гузошта банданд, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз зарба хӯрдан ва дар натиҷаи сахт афтодан содир шуда бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор