Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

даво мешавад. Барги тарашро бибӯянд, майнаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёни бадан ба мағзи сар бароянд ва инчунин намемонад, ки он бухорҳоро майна қабул кунад, низ иллатҳои чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро дафъ мекунад.

Агар бо равғани он сарро чарб намоянд, варамҳои сар ва суботро, ки хоби сахт ва ба душворӣ бедоршаванда аст, ки аз расидани бухори поёни бадан ба мағзи сар бошад, шифо мебахшад. Ин хислати он бинобар қуввати сардӣ доштанаш майнаро қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки бухорҳои нав ба боло бароянд, балки онҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад.

Оби барги тарашро дар чашм чакананд, дарди чашмро таскин медиҳад ва чашми аз косахонааш берунбаромадаро, ки дар тибби қадим хуҷуз-ул-айн меноманд, аз нав ба ҷояш мебарад.

Хокистари ҳар як қисми онро чун сурма ба чашм кашанд, барои иллатҳои ноҳунак, шилпуқӣ ва обравии чашм давои хубест ва дар ин бобат беҳтар аз тӯтиё мебошад, инчунин инро дар иллатҳои чашм ба ҷои тӯтиё бо муваффақияти том истифода тавон кард.

Оби барги онро дар гӯш чаконанд, дарҳол дардашро дур мекунад, гӯшро қавӣ ва омадани римро аз он дафъ мегардонад — бо ин восита захми даруни гӯшро ба ибро меоварад. Оби барги онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонҳоро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, инчунин сустии милки дандон, нотавон гаштани забон ва пухтани даҳанро нафъ мебахшад. Нӯшидани оби барг ва шарбати самари ол низ бемориҳои мазкурро дармон мебошад.

Баргашро бӯй кунанд, дилро қавӣ ва иллати дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад. Оби барги онро бимоланд ва самари расида ё шарбаташро бихӯранд, меъдаро қувват медиҳад, хусусан усораи онро, ки оби дар офтоб ғафсгардонидаи он мебошад, бо қивоми барги зуф бихӯранд, зудтар таъсир мебахшад.

Хоҳ самарашро ё баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳама навъҳои исҳолро, ки давомнок бошанд, қатъ мекунад. Агар тухмашро кӯфта бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рехта шаванд.

Баргашро кӯфта ба зери ноф гузошта банданд, исҳолҳои сафроӣ ва савдовиро дафъ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ