Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Самарашро дар об пухта, баъд онро бо шароб хамир карда гузошта банданд, нотавон гаштани пайвандҳои баданро ба ислоҳ меоварад. Баргашро кӯфта, ба ҷойҳои латхӯрдаи аъзо гузошта банданд, ба ибро меоварад ва инчунин ба пошнаи по, ки дард мекарда бошад, нафъ дорад.
Наск, мозуи сабз, гулисурх ва шилми акоқиёр кӯфта, бо оби барги мурд хамир карда, ба аъзо ва асабҳое, ки сусту нотавон гашта бошанд, гузошта банданд, ба ислоҳ меоварад, инчунин пиронро бағоят фоида дорад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро ба пайвандҳое, ки дардманд бошанд, бирезанд, дарди онҳоро дар бадан таскин медиҳад ва инчунин ба узве ҳам, ки устухонаш шикаста бошад, бирезанд, боиси зуд пайваст ва сиҳат шудани он мегардад. Агар бо ин об доғи сафеди пӯстро бишӯянд, сиҳат мебахшад.
Чун барги хушки онро кӯфта бипошанд, аз пойафзор харошида шудани пошнаро ва аъзои шикастаро ба ислоҳ меоварад. Реша, барг ва самари онро — ҳар якеро аз инҳо дар об ҷӯш дода бошанд, он об доруи қувватбахши мӯй аст, яъне намегузорад, ки мӯй бирезад, балки онро дароз ва сиёҳ мегардонад. Инчунин баргашро дар об ҷӯшонида, бо он об сарро бишӯянд, ҳамин хислатҳоро дорад.
Тухмашро ос карда, дар ҳаммом ба ҳар ҷои бадан, ки гузошта банданд, рутубатҳои бегонаро, ки баданро суст мегардонанд, аз пӯст дур мегардонад ва барои бадан қувват мебахшад.
Тухмашро бо равғани гов ва равғани гӯсфанд ҷӯшонида, ба ҳар ҷои бадан, ки бимоланд, арақ карданро манъ мекунад.
Барги хушкашро кӯфта бипошанд, бӯи бади зери бағал ва каши ронро дафъ мекунад ва агар сӯхтани он ё хокистарашро бипошанд, доғҳои кунҷидакро аз пӯсти рӯй дур мекунад.
Агар самари онро бо оби барги лаблабу бипазанду онро ба сар бимоланд, дона ва обилаҳои сабӯсакҳои сарро нест мегардонад. Чун онро кӯфта, бо оби боқило хамир карда, ба доғҳои кунҷидаки рухсора бимоланд, онҳоро нест месозад.
Инчунин самари он барои газидани каждум ва ғунда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор