Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
даво мешавад, ҳангоме ки ба миқдори то 10,5 грамми онро бо шароб биёшоманд.
Агар дарахти мӯрдро ёфтан душвор гардад, ба ҷои он барги тутру истеъмол намоянд, раво мебошад.
- Мӯрди саҳрӣ
Инро тоҷикон девмӯрд меноманд ва ба забони арабӣ райҳон-ул-кубур, яъне райҳони қабристон мегӯянд.
Растании ин аз буттаи мӯрди бӯстонӣ, ки мо дар боло гуфтем, хурдтар ва баргаш каме сербар ва зардранги нӯгтез. Чӯбаш нисбатан сахттар; самараш кулӯла ва баъди расидан бағоят сурх мегардад, ки аз миёнаи баргаш бармеояд. Аз як бех шохҳои бисёр мерӯянд ва дар зимистон хазон намекунад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш:
таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғализ, баҳудкашандаи моддаҳо ва қувватбахш аст.
Агар инро бибӯянд, рутубати майнаро кашида дафъ мекунад ва худи майнаро қувват мебахшад. Ва агар инро бихӯранд, барои саръ (припадка) ва дарди сари балғамӣ дармон мешавад, рутубати мағзи сарро дафъ ва ин узвро қавӣ мегардонад.
Самар ва баргашро бо шароб бихӯранд, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, исҳол ва зардпарвинро дафъ мекунад, шири беҷо аз пистон рехташавандаро манъ месозад.
Агар инро кӯфта, дар сӯрохи пушт бардоранд, кирми меъдаро ихроҷ мекунад.
Барг ва самарашро бо шароб биёшоманд, сангҳои гурдача ва ҳиҷакро майда карда мерезонад ва чакмезакро, ки аз афзудани рутубат бошад, ба ибро меоварад.
Табиб Ибни Талмиз инро барои аз кӯфт ё афтодан зарба хӯрдан (аз ҷумла ба чалақидани майна) муфид донистааст.
- Пои зоғ
Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони арабӣ отрилол мегӯянд
ва дар тиб маҳз тухми он ба кор меравад. Ин гиёҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор