Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дар ҳамаи кӯҳистон ва минтақаҳои доманакӯҳӣ мерӯяд. Растаниаш каме ба шибит монанд, гулаш сафед, баргаш пошхӯрдаи пароканда, пояаш чорпахлу, дар охири фасли баҳор мерасад. Тухмаш бисёр реза, рангаш тираи моил ба кабудӣ, дарозак, хеле талх ва тунд, забонро мегазад ва сахт аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухми инро бихӯранд, бодҳои дарунро таҳлил медиҳад ва нест мекунад, баданро аз моддаҳои бегона пок месозад, ахлоти нодаркорро бо воситаи пешоб дафъ мекунад, гиреҳҳои дохили баданро мекушояд, гурда ва мисонаро аз олишҳо пок ва тоза мегардонад.

Инро бо шиша якҷо сӯхта, бо асал якҷо карда бихӯранд, сангҳои гурда ва мисонаро майда карда мерезонад. 3,5 грамм аз тухми он бо асал бихӯранд, бодҳои иловасуро, ки рӯдаи борики болоиро ба дард меоваранд ва варам мекунонанд, ба ғояти хубӣ таҳлил медиҳад.

Агар тухми инро кӯфта гузошта банданд, решҳоро хушк ва доғҳои пӯстро нест мекунад. Онро дар найча андохта, ба даруни бинии занҳои ҳомила пуф кунанд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад.

Чун 3,5 грамми онро нокӯфта, дар айёми гармои тобистон бо окиркирҳо, турбуд ва занҷабил — аз ҳар яке ним грамм кӯфта дохил намуда, бо асал сиришта, баъд аз баданро аз балғам танқия кардан бихӯранд ва дар офтоб нишаста, мавзеи доғи песро ба офтоб бидоранд, то он ки арақ кунад; ва агар ташнагӣ ғолиб ояд, об бинӯшанд, дар рӯзи аввал ва ниҳоят рӯзи саввум ҷои доғи пес обила мекунад ва баъд аз дафъ гаштани зардоб аз он ҷо, пес батамом сиҳат меёбад. Дар ин бобат табиби ҳозиқи машҳур Ибни Байтор ва муаллифи китоби «Ихтиёроти бадеъ» навиштаанд, ки батакрор имтиҳон карда шуда, ин сирри аҷиб аст, аммо шарташ ҳамин, ки аввал бо давоҳои поккунандаи бадан танқия кардан даркор аст. Инчунин гуфтаанд, ки ҳар рӯз фақат аз тухми он 10,5 грамм бо асал то 15 рӯз пай дар ҳам бихӯранд ё аз мураккаби он ва ё худи онро бо окиркирҳо муддати понздаҳ рӯз истеъмол намоянд, ҳатман доғи песро дафъ мекунад.
Агар доғи пес дар ҷойҳои гӯштдори бадан бошад, аз ин ҳам зудтар сиҳат меёбад.

Баъзе табибони қорузмуда гуфтаанд, ки худи тухмашро

пешина
аз 702
навбатӣ