Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

тарёкӣ мебошад, ҳангоми таркиб додани давои мураккаб ба онҳо набояд даромеҳт.
Хуллас, табиб ҳангоми дору тайёр кардан ва ё дар вақти фармудан ба бемор барои хӯрдан давои мураккабро мувофиқи ҳар як иллат созад ва мизоҷи бемор (ё беморӣ), мизоҷи даво, фасли сол, бо ҳам мувофиқатнокии давоҳо ва дараҷаву марҳабаҳои синну соли бемор, вуҷуди ахлот (хилтҳо)-и бадан, ҳолат ва қуввати узвҳоро дар мадди эътибор дошта бошад, то ки аз табобат мурод ҳосил гардад. Низ табиб бояд орифи кори худ бошад ҳангоми ба кор бурдани давоҳои тарёкӣ, заҳрнок, холис ва ғайрихолис, сара ва носара, то ки дар кораш хатоӣ содир нагардад.

ФАСЛИ ҲАШТУМ.

ДАР БАЁНИ ДОНИСТАНИ ДАРАҶАҲОИ
ДАВОҲОИ МУРАККАБ ВА МУАЙЯН КАРДАНИ ОНҲО

Вақте ки чӣ гуна будани мизоҷи давоҳои мураккабро, ки гарм, сард, тар, хушк ё мӯътадил аст, муайян намудаӣ бошанд, мулоҳаза намоянд, ки миқдори хӯрдани ҳар як қисми он баробаранд ё на: ё ҳамаи
онҳо гарммизоҷанд бо хушкмизоҷӣ ва ё ҳамаашон
гарммизоҷанд бо тарини мизоҷ ва ё ҳамаашон сарду
хушкмизоҷ ва ё ҳамаашон сарду тармизоҷ, ва ё ин,
ки гуногунанд дар мизоҷ. Дар ин ҳолат тамоми миқдорҳои дараҷаҳои гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкии ҳар
як гурӯҳро бо ҷинси худ ҷамъ намоянд, баъд ба адади давоҳо тақсим карда, ҳосили тақсимро дараҷаи
мизоҷи он давои мураккаб донанд. Агар дараҷаи мизоҷ тароват дошта бошад, аз адади бисёр камашро
тарҳ намоянд ва боқимондаро ба адади давоҳо тақсим
кунанду ҳар як қисми ҳаммиқдорро бигиранд. Масалан: миқдори хӯрдани давоҳои содда як хел, дар кайфияти, яъне мизоҷи гармӣ ва хушкии онҳо низ якранг,
вале дар мартабаҳои ҳар дуи ин мизоҷ гуногун бошад,
чун: тарьёки чорғона қисмҳояш мувофиқи нусхаи (рецепти) асли он иборат аз самари ғор, чинтиёно, мурри маккӣ ва зарованди тавил аст — миқдори ҳар чори
онҳо баробар. Аммо самари ғор ва мурр — гарммизоҷ
ва хушкмизоҷанд дар дараҷаи дуввум; вале чинтиёно
ва зарованди тавил — гарммизоҷ дар дараҷаи саввум

пешина
аз 702
навбатӣ