Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Барои он оби себи пухтагӣ, оби лимӯ чоряки он, ки нисфи яке мебошад, шакари сафед дар он ҳал карда, ба қивом оваранд, то ки ғафс гардад — ин тарёки ҳар гуна заҳрҳои қаттол аст. Ин таркиб барои газидани мори афъӣ, иллатҳои дилтапак (дилбозӣ), беҳушшавӣ, ғамгинӣ ва сустии иштиҳо дору мешавад. Агар ба ин таркиб туршак (щавель), турунҷ ва ҳалвои марворид изофа намоянд, ҷойи тарёки кабирро мегирад. Тарёки кабир — ин беҳтарин давои мураккаби тибби Шарқ мебошад, ки барои аксари бемориҳои сардмизоҷ нафъ дорад.
Хуллас, зирк ба одамони гарммизоҷ ва сафровимизоҷ фоидабахш ва мувофиқ аст, вале барои касони хунукмизоҷ, яъне ба онон, ки дар баданашон ҳилтҳои савдо ва балғам зиёд бошанд, зарар дорад, инчунин ба бемориҳои кӯлинч ва иллати бодӣ доштагон низ зиён мекунад. Агар ба хунукмизоҷон зарар расонида бошад, бояд қаранфули гардан бихӯранд ва агар ба одамони дорои мизоҷи дигар зарар кунад, шакар ва дигар шириниҳоро истеъмол фармоянд, безарар мегардад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби самари зирк то 100 грамм аст дар як рӯз ва миқдори хӯрдани аз тухмаш то 14 грамм аст. Агар тухми зирк ёфт нашавад, ба ҷойи он ҳамин миқдор тухми гулисурхро ба кор баранд, раво мебошад.
Аз реша ва чӯби зирк қивом ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Решаашро бо теша тароша карда, дар зарфи калон аз болояш об рехта, муддате то кӯрваташ ба об гузаштан меҷӯшонанд. Баъд он обро ҷудо намуда, ба офтоб мегузоранд, ки қивом гардад. Ҳамин қивоми зирк аст ва хеле талх мебошад.
Мизоҷи қивоми зирк гарм дар дараҷаи якум дар дуввум хушк аст.
Агар аз ин қивом камеро дар гулоб ҳал карда, дар чашм кашанд ё чаконанд, рутубатҳои равони чашмро хушк мекунад ва бақоёи дарди онро, ки кӯҳна шуда бошад, дафъ месозад. Агар пеш аз дард карданаш ба чашм кашанд, дарди чашмро пешгирӣ мекунад.
Агар инро бихӯранд, исҳолро мебандад ва намегузорад, ки моддаҳо дар бадан бадбӯ гарданд ва агар бӯи бад гирифта бошанд, манъ мекунад, гиреҳҳоро мекушояд, пухтани (ҷӯшиши) даҳан ва сустии милкҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор