Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дандонро шифо мебахшад, чашми зайфро қавӣ мегардонад.

Инро бипошанд, реш ва захмҳоро хушк мекунад. Қивоми хушки зиркро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад. Агар инро дар об ҳал карда, он обро дар даҳан гардонанд, бад-тарин дарди даҳан ва ҷӯшиши бехи дандонҳоро шифо мебахшад, дарди дандонро таскин медиҳад ва милки дандонро мустаҳкам мекунад. Камтарашро аз он дар шароб ҳал карда бинӯшанд, иллатҳои номбурдаро шифо мебахшад.

Аз қивоми зирк ҳар рӯз ба андозаи донаи ҷав дар об ҳал карда бинӯшанд ё онро бо об фурӯ баранд, дар муддати як ҳафта ё даҳ рӯз кирми ҷигарро нест мекунад. Агар инро бо шароб бихӯранд, дарди ҷигари бетабро даво мешавад, вале бо оби хунук биёшоманд, дарди ҷигари табнокро ба ибро меоварад.

Инро дар об ҳал карда, бо он нимгарм хукна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро аз чирк пок мекунад.

Вале хӯрдани қивоми зирк ба одамони сурфа доштагон зарар мекунад. Дар ин маврид асал бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

  1. Гулихайрӣ

Ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки даштӣ мебошад ва дар боғҳо низ месабзонанд. Гулаш сафед, сурх ва ба рангҳои гуногуни мураккаб аз ду ранг аст, хатто бунафши сиёҳтоб ҳам дорад. Беҳтарини ҳамаи ин қисми сафед ва баъд аз он навъи сурх — пуштии он аст. Барги ин кулча барин гирдак ва калон-калон аст. Тухмаш дар ғилофе монандӣ тугмаи пальтои мардон аст ва дар даруни он тухмҳои сиёҳи паҳни мудаввар дар доира қатор ҷой гирифтаанд. Қадди ин гиёҳ дар заминҳои хокаш пуризӯр ва ҳавояш гарм то чор метр мехезад. Гулихайрӣ дар ҳамаи заминҳои хокаш шӯра надошта бошад, рӯида метавонад.

Мизоҷи инро табиби асри якуми милод Ҷолинус сард ва тар донистааст, вале Абӯалӣ ибни Сино гарми мӯътадил гуфтааст. Ҳаққаш он аст, ки мизоҷи ин бештар ба сардӣ моил аст.

пешина
аз 702
навбатӣ