Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Решаашро кӯфта, дар латта баста, дар об андозанду шаб дар зери осмон нигоҳ доранд, чандон, ки монанди чуғрот ғафс гардад, баъд онро бимоланд, варами пилкҳои чашмро таҳлил медиҳад. Агар инро бихӯранд, сурфаи гарм ва хун қай карданро шифо мебахшад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, низ ҳамин гуна таъсирро дорад. Агар дар об ҷӯшонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандҳои шахшударо мулоим мекунад ва узвҳои дигари сахтгаштаро чун аслӣ сиҳат мегардонад. Агар бо он об сарро бишӯянд, таркидани мӯи сарро ба ибро меоварад. Решаи хушки онро кӯфта, ордаки онро бо орди боқило даромехта, бо равғани хук сиришта, бар буғумҳои бадан гузошта банданд, шах шудан ва варамҳои сахти он ҷоҳоро ислоҳ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳукна кунанд, бемориҳои номбурдаи рӯдаҳо ва ғайри рӯдаҳоро дафъ мекунад. Агар ин оби он ҷӯшонидашударо ба ҷои газидани занбӯри асал бимоланд, газанди онро дур месозад ва агар бо асал сиришта бимоланд, зарари ҷонварони заҳрнок газидаро дафъ менамояд. Агар инро маҳин кӯфта, бо равғани мурғобӣ сиришта, занон аз таг бардоранд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва даҳани он банд шуда бошад, мекушояд ва барои қабул кардани нутфаи мард бачадонро тайёр мекунад. Ин борҳо дар амали муаллиф низ озмуда шудааст.

Вале истеъмоли гулихайрӣ барои меъда як андоза зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зиёнаш оби зирк, асал ва арпабодиён хӯрдан даркор аст. Ба қавли баъзеҳо ба шуш ҳам зарар дорад, дар ин ҳолат асал бояд бихӯранд, то ки зиёнаш ислоҳ гардад.

Миқдори як бор хӯрдан аз барг, реша, гул ва тухми он дар як рӯз 4,5 грамм аст, вале агар дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, бояд дар як рӯз аз он об 100 грамм бинӯшанд.

Ба ҷои гулихайрӣ растании тугмачагулро истифода кунанд, раво мебошад.

Шилми гулихайрӣ, ки ҳангоми гармии ҳаво аз танаш мегиранд, зард ва сурхранг мебошад. Ин барои шикастани шиддати ташнагӣ, дар вақтҳои исҳол ва ҳангоми зарда қай кардан бихӯранд, шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ